Хабарнигорони таҳқиқии Русия иддао доранд, ки таркиши соли гузашта дар Магнитогорск, ки 39 нафар, аз ҷумла 4 узви як оилаи тоҷикро кушт, на таркиши газ, балки амали террористӣ будааст.
Мақомоти Русия то кунун сабаби дақиқи таркиш дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Карл Маркс дар ин шаҳрро нагуфтаанд, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2018 рух дод. Кумитаи тафтишотии Русия дар он замон гуфт, ки ба фарзияи ихроҷи газ тамаркуз кардааст, ки зоҳиран сабаби фоҷиа шудааст. Вале “База”, хабаргузории интернетии мустақили Русия, ки гузоришҳои таҳқиқӣ нашр мекунад, рӯзи 27-уми декабр як видеои 40 дақиқаӣ нашр кард, ки дар он иддао мешавад, бинои истиқоматӣ на ба сабаби ихроҷи газ, балки таркиши бомб фурӯ рафтааст.
Дар видео гуфта мешавад, ки се нафар дар таркиши бино даст доштаанд ва ҳам мехостаанд, чанд ҷои дигарро тарконанд. Дар ин видео гуфта намешавад, чаро ин афрод, ки гӯё ду нафарашон аз Тоҷикистон будаанд, амали террористӣ анҷом додаанд. Муаллифони гузориш фақат инро мегӯянд, ки ду нафари онҳо вақтҳои ахир бештар ба ислом рӯ овардаанд ва ҳам мушкилоти молӣ доштаанд.
Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар миёнаҳои моҳи январ масъулияти таркиш дар Магнитогорскро бар уҳда гирифт, вале ҳеҷ далеле барои собит кардани иддаояш наовард. Кумитаи тафтишотии Русия ҳам гуфт, ки иддаои ДОИШ-ро набояд ҷиддӣ гирифт.
Хабарнигорон дар муқаддимаи видео дар Ютуб навиштаанд: “Мо ҳеҷ шак надорем, ки амали террористӣ буд. Вале чаро мақомот онро пинҳон медоранд.” Хабарнигорони “База” иддао мекунанд, ки дар паси ин ҳамла се нафар Маҳмуд Ҷумъаев, Алишер Қаимов ва Алмир Абитов меистанд. Ба қавли он Ҷумъаев ва Қаимов дар Магнитогорск мусофирбар меронданд. Дар ин шаҳр ронандагони нақлиёти мусофирбар асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон ҳастанд. Алмир Абитов, таъмиргари мошин будааст.
Ба қавли хабарнигорон, се ҷавон ҳангоми кор ошно шудаанд ва вақти зиёдашонро ҳамроҳ дар хонаи иҷорае дар кӯчаи Ленин сипарӣ мекарданд, ҳарчанд “База” аз қавли хешовандони онҳо менависад, ки ҳамаашон оила доштаанд. Ба гуфтаи хабарнигорони “База”, Маҳмуд Ҷумъаев, Алишер Қаимов ва Алмир Абитов дар остонаи соли нави милодӣ хонаи рақами 135 -ро дар бино дар кӯчаи Карл Маркс аз миёнараве бо номи Антонина ва хеши соҳибхона иҷора гирифтаанд.
“База” дар видео намегӯяд, ки чӣ гуна маълум карданд, ки ин се нафар хонаро иҷора гирифтаанд, вале ба қавли расона, Антонина шиносномаҳои ҳарсеро нусха бардошта будааст ва баъди таркиш ба муфаттишон додааст.
“База” феҳрасти сокинони бинои фурӯрафтаро нишон медиҳад, ки дар он дида мешавад, дар хонаи 135 ду шаҳрванди Тоҷикистон истиқомат мекардаанд. Хабарнигорони “База” барои маълум кардани ҷузъиёт худро иҷорагир вонамуд карда ва бо Антонина тамос гирифтаанд, то аз ӯ маълумоти бештар ба даст биёранд.
Хабарнигорон дар тамоси телефонӣ ба иҷорадеҳ мегӯянд, азбаски соли гузашта дар Магнитогорск бинои истиқоматӣ дар натиҷаи хориҷ шудани газ фӯру рафт, онҳо мехоҳанд, утоқеро иҷора бигиранд, ки плитаи барқӣ дошта бошад. Аммо Антонина дар ин сӯҳбат мегӯяд: “Шумо чӣ мегӯед? Сабаб газ набуд. Муфаттишон бояд ягон чиз мегуфтанд, барои ҳамин газ гуфтаанд.”
Вақте аз Антонина мепурсанд, ки пас сабаби таркиш бомб буд, ӯ посух медиҳад, ки: “Ингуна иттилоотро ошкор кардан мумкин нест.” Хабарнигорони “База” дар ин видео бо такя ба иттилои пулис мегӯянд, билофосила пас аз таркиш Хадамоти Амнияти Федеролии Русия се нафарро дар феҳрасти афроди мавриди ҷустӯҷу қарор дод ва идораҳои пулис дархост кард, ки мошини Ҷумъаевро пайдо кунанд.
Мусофибари Ҷумъаев шоми 1-уми январ таркид ва аз дохили он се ҷасади сӯхтаро пайдо кардаанд. Аммо дар гузориши муфаттишон омадааст, ки ҳарсе аз тири туфанг ба ҳалокат расидаанд, на дар натиҷаи таркиш. Ба қавли хабарнигорон, ба эҳтимоли ғолиб байни онҳо ва маъмурони пулис тирандозӣ ба вуқуъ пайвастааст.
“База” аз қавли хешовандони ҳарсе мард навиштааст, ки муфаттишон хонаҳои онҳо рафта, аз фарзандонашон ташхиси ДНК гирифтаанд, то ҳуввияти ҷасадҳои сӯхтаро маълум кунанд. Мақомоти Русия ҳеҷ гоҳ натиҷаҳои тафтишотро нагуфтаанд ва номи қурбониёни дохили мусофирбар ҳам эълон нашудааст.
Валентина Гамова, ҳамсари Абитов дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигорони “База” мегӯяд, ба ӯ мақомоти интизомӣ гуфтаанд, шояд шавҳараш дар амали террористӣ даст дошта бошад. “База” бо такя ба суханони сокинон ва аксҳои гузошташуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ки рӯзи 1-уми январ пулиси Русия биноеро дар кӯчаи Ленин тафтиш кард, ки ҳарсе нафар онҷо истиқомат мекардаанд.
Сокинон гуфтаанд, шунидаанд, ки ин афрод дар хона чизеро месохтанд ва ба қавли “База” мумкин он бомб будааст. Ба қавли як сокини бино, пулис аз ашёи дохили хона намуна мегирифт. Овозаҳо дар бораи онки таркиш дар Магнитогорс, на ба сабаби ихроҷи газ, балки амали террористӣ буд, рӯзи баъд ва баъди тафтиши хона пайдо шуд.
Дар охири моҳ сару садо дар ин бора баъди он авҷ гирифт, ки як зани узбектабори Қирғизистон дар Магнитгорск иддао кард, ки афсарони Хадамоти Федеролии Амнияти Русия шавҳарашро боздошт ва латукӯб карда ва гуфтаанд, дар таркиши рӯзи 31-уми декабр даст дорад.
Ба қавли Ҳалимахон Зайнабиддинова, шавҳараш Ҳусниддин гуфтааст, ки маъмурони ФСБ ба ӯ аксҳои чанд “марди ришдор”-ро нишон дода, дар бораашон пурсидаанд. Ҳалимахон гуфт:”Шавҳарам гуфтааст, онҳоро намешиносад, вале афсарон ба ӯ бовар накардаанд.“ Пулиси Русия боздошти Зайнабиддинова дар иртибот бо таркишро рад кард ва гуфт, ӯро ба сабаби ҷустӯҷу шуданаш дар Қирғизистон боздошт кардаанд.
Дар натиҷаи фурӯ рафтани бино Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се фарзанди ӯ Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад аз ноҳияи Кушониён ба ҳалокат расиданд. Шӯҳрат Улфатов падари хонавода ҷароҳат бардошт вале наҷот ёфт.