Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти муҳоҷирони тоҷику узбек баъди таркиши маршрутка дар Магнитогорск. ВИДЕО


Шаҳри Магнитогорск

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Магнитогорски Русия боздошти дастҷамъии муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон сурат гирифт.

  • Амалиёти боздошт дар ҳоле буд, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2018 дар ин шаҳр як бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз таркиш фурӯ рехт ва 39 нафар, аз ҷумла чаҳор узви як хонаводаи тоҷикро қурбон кард.
Низомиён хеле зиёд буданд. Ҳамин ки таркиш шуд, билофосила дар назди мусофирбар пайдо шуданд. Ҳатто аҷиб буд, ки чӣ тавр онҳо дар як они воҳид расида омаданд

"Моро тафтиш доранд, вале намедонем чаро?"

Тоҷирони бозори “Гранд”, ки дар рӯ ба рӯи масҷиди ҷомеи Магнитогорск қарор дорад, гуфтанд, теъдоди боздоштшудаҳо даҳҳо нафар ва асосан зодагони зодагони Тоҷикистону Узбекистон буданд.

Яке аз шоҳидон бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее время” гуфт, “боздошт мекарданд ва ба қароргоҳи полис мебурданд. Гӯиё мо коре карда бошем. Касе дақиқ чизе намегӯяд, ки тоҷикон масъули чӣ коре ҳастанд. Хулоса, моро тафтиш доранд ва ман намедонам, чаро?”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Таркиши маршрутка ва боздошти муҳоҷирони тоҷику узбек дар Магнитогорск
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:33 0:00

"Сурати се нафарро нишон доданд, ки чеҳраашон русӣ набуд"

Дар рӯзи аввали соли нав дар маркази шаҳри Магнитогорск дар масофаи се километр аз макони фурӯрезии бинои истиқоматӣ як мусофирбари хурд таркид ва дастикам се нафарро ба ҳалокат расонд. Баъд аз он кормандони милиса ҳамроҳи нерӯҳои ОМОН дар бинои истиқоматии рақами 91, воқеъ дар кӯчаи Ленини Магнитокорск кофтукобро ба роҳ монданд.

Онҳо аз сокинон талаб карданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ҳамзамон ба онҳо акси чанд нафареро нишон доданд.

Як сокини Магнитогорск гуфт, “ҳамаи моро ба дохили як автобус бурданд ва шабро дар онҷо рӯз кардем. Ман танҳо соати ҳафти саҳар иҷозати ворид шудан ба хонаамро пайдо кардам. Кормандони пулис ҳама яроқ ва ниқоб доштанд. Даводав доштанд ва ба мо мегуфтанд, ки аз ин ҷо биравед ва ба кори мо халал нарасонед. Сурати се нафарро нишон доданд, ки чеҳраашон русӣ набуд.”

"Ногоҳ дохили маршрутка оташ гирифт"

Бо гузашти беш аз як ҳафта аз таркиши мусофирбари хурд то ба ҳол исми 3 нафар, ки дар ин ҳодиса ҳалок шуданд, эълон нашудааст. Гузашта аз ин, тафтиши қазияи марзкурро на мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ, балки идораи асосии Кумитаи тафтишотии Русия пеш мебарад.

То ба ҳол мақомоти Магнитогорск ва пулиси минтақа ҳодисаро шарҳ надодаанд. Бо ин ҳол, шоҳидон бовар доранд, ки таркиш дар дохили мусофирбар буд, на дар зери балони “Газел”.

“Аввал таркиши хурд буд ва баъди он як таркиши дигар сурат гирифт. Вале ҳатто дуд набаромад. Баногоҳ дохили мусофирбар оташ гирифт ва касе низ аз он берун нашуд. Яъне, ҳама дар дохили мошин буданд. Пас аз ин як таркиши дигар шуд ва дари ақиби “Газел”-ро шикаст. Баъди он боз як таркиши дигар шуд ва алангаи оташ ҳатто ба қабати ҳафтуми биноҳо мерасид. Таркиш то ҳадде сахт буд, ки шишаи тиреза ман ҳам шикаст”, - нақл кард яаке аз шоҳидон дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее время”.

Шоҳиди дигар гуфт, “низомиён хеле зиёд буданд. Ҳамин ки таркиш шуд, билофосила дар назди мусофирбар пайдо шуданд. Барои ман ҳатто аҷиб буд, ки чӣ тавр онҳо дар як они воҳид омаданд.”

Сӯҳбати сокинони шаҳри Магнитогорск дар ҳолест, ки баъди таркиш ва фурӯ рехтани бинои истиқоматӣ дар ин шаҳр яке аз фарзияҳо амали террористӣ буд. Аммо Кумитаи тафтишотӣ ин фарзияро рад кард ва гуфт, ки аз зери вайронаҳои бино осори маводи тарканда ёфт нашуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG