Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" ба "Нафтогаз" ҷуброни бузург пардохт


Фишори пасти лулаи газе дар Украина. Акс аз бойгонист.
Фишори пасти лулаи газе дар Украина. Акс аз бойгонист.

Ширкати давлатии “Нафтогаз”- и Украина гуфт, аз ширкати “Газпром”- и Русия 2 миллиарду 900 миллион доллареро ба даст овардааст, ки сари он баҳси додгоҳӣ доштанд. Дар ин бора ширкати украинӣ рӯзи 27-уми декабр дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод. Муомилаи мазкур бахше аз созиши васеъ аст, ки ду тараф аввали ҳамин ба он даст ёфтанд.

“Нафтогаз” ва “Газпром” рӯзи 21-уми декабр гуфтанд, қарордоди панҷсолае мебанданд, ки бар асоси он аз аввали моҳи январ Украина ба интиқоли гази Русия ба Аврупо шуруъ мекунад. Баъди ин “Газпром” розӣ шуд, тақрибан 3 миллиард доллари ҷубронро ба “Нафтогаз” бидиҳад. Додгоҳи ҳаками Стокҳолм соли 2017 баҳси ду тарафро ба нафъи ширкати украинӣ ҳал кард. Дар иваз “Нафтогаз” аз даъвои 12 миллиардолларии додгоҳӣ ба зидди “Газпром” даст кашид.

Ширкатҳои ду кишвари ҳамсоя чанд рӯз пеш аз анҷоми муҳлати қарордоди пешина ба мувофиқа расиданд ва нигарониҳо аз қатъ шудани интиқоли гази Русия ба Украинаро фӯру нишонданд. Русия ду дафъа ба сабаби ҷанҷол сари қимати газ, интиқоли сӯзишворӣ ба Украинаро қатъ кардааст. Қарордоди нав бояд то охири ҳамин моҳ имзо шавад.

XS
SM
MD
LG