Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарсанҷӣ: Сокинони Украина аз вазъи кишвар розӣ ҳастанд


Тахминан нисфи украиниҳо гуфтаанд, ки кишварашон дар самти дуруст ҳаракат мекунад. Ин нишондод ду баробар бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта будааст.

Натиҷаҳои назархоҳие, ки рӯзи 26-уми декабр аз ҷониби Бунёди ташаббусҳои демократӣ ва маркази Разумков нашр шуд, мегӯяд, 44 дарсади сокинони Украина ба суоли ин ки дар бораи вазъи имрӯзаи кишвар чӣ назар доранд, посухи мусбат додаанд. Ин нишондод 18 дарсад бештар назар ба соли гузашта будааст.

Соли гузашта аз ҳар даҳ нафар 7 сокини Украина гуфтанд, кишвар дар самти нодуруст пеш меравад. Дар назарсанҷии имсола беш аз сеяки ҷомеа гуфтааст, дар давоми ду ё се соли оянда иқтисоди кишвар ҳам пешрафт мекунад.

Таҳқиқот баъди ҳашт моҳи ба мақоми президенти Украина интихоб шудани ҳаҷвнигори мардумӣ Владимир Зеленский барпо шуд. Президент ваъда додааст, ки бо фасод мубориза бурда, сармояҳои хориҷиро ҷалб мекунад, рушди иқтисодиро таъмин карда, ҷангро дар Донбасс хотима мебахшад.

XS
SM
MD
LG