Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони сулҳ баъди ду шабонарӯз аз гарави Толибон озод шуданд


Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки 27 фаъоли сулҳи ин кишвар, ки дар ғарби кишвар аз ҷониби Толибон рабуда шуданд, баъди 45 соати ин ҳодиса озод карда шуданд. Бисмиллоҳ Ватандӯст, сухангӯи ин ҷумбиш гуфт, фаъолон аз Ҷумбиши сулҳи мардумӣ бидуни ҳеҷ осеб ё зараре озод шуданд. Ӯ ҷузъиёти аз ин беш надод.

Фаъолон замоне боздошт шуданд, ки аз ҳудуди ноҳияи Бала Булуки вилояти Фароҳ ба самти Ҳироти ҳамсоя барои таблиғи барномаҳои сулҳи худ ҳаракат мекарданд. Як узви ин ҳаракат иддао кард, ки барои озод кардани аъзои ҷумбиши сулҳ раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ бо Толибон вориди гуфтугӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG