Владимир Путин, президенти Русия санадеро ба баррасии Думаи давлатии кишвараш фиристод, ки иҷоза медиҳад, дар пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Қирғизистон зерсохтори дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин таъсис дода шавад.
Ба иҷро даромадани санади мазкур ба Русия имкон медиҳад, ки "дар пойгоҳи ҳавоӣ зерсохтори бесарнишинон ва истифодаи онҳоро роҳандозӣ кунад".
Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ: пойгоҳи ҳавоии "Кант"; пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қаракӯл; пойгоҳи иртиботӣ дар шаҳраки Чалдовар; нуқтаи худкори зилзилашиносӣ дар шаҳри Майлуу-Суу дорад.
Пештар ҳар кадом аз ин иншоот дар алоҳидагӣ баррасӣ мешуд, аммо дар соли 2012 Қирғизистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки ҳамаи онҳоро ба пойгоҳи муттаҳидаи Русия табдил диҳанд. Дар ҳоли ҳозир зери унвони пойгоҳи Русия ҳамаи чаҳор иншоот дар назар дошта мешавад.
Пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ягона иншооти низомии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2014 дар ин кишвар пойгоҳи ҳавоии амрикоии "Манас" амал мекард.