Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи нопадидшавии собиқ вазири дохилии Беларус аз сар гирифта мешавад


Кумитаи тафтишотии Беларус гуфт, ки қазияи нопадидшавии собиқ вазири умури дохилӣ Юрий Захаренкоро ба анҷом мерасонад. Анҷоми таҳқиқи ҷиноӣ баъди он имконпазир шуд, ки як собиқ узви полиси махфӣ гуфт, дар қазияи рабоиш ва куштори 20 соли пеш иштирок кардааст. Олег Вовчак, як фаъоли ҳуқуқи башари беларус дар сӯҳбат бо бахши Беларусии Радиои Озодӣ гуфт, ки Кумитаи тафтишотӣ ду рӯз баъди нашри гузориши оҷонсии Deutsche Welle парвандаи “шахшуда”-ро аз нав боз кард. Ин матлаб бар асоси мусоҳиба бо Юрий Гарауски таҳия шудааст, ки соли 1999 дар як воҳиди вижаи вазорати умури дохилии Беларус кор мекард ва ин ниҳодро дар рабоиш ва куштори рақиби сиёсии президент Александр Лукашенко гумонбар медонанд. Ин фаъоли ҳуқуқ номаеро бо имзои Юрий Варавки, сардори раёсати Кумитаи тафтишотии Беларус аз таърихи 18 декабр намоиш дод ва гуфт, ки дар он дар бораи азсаргирии таҳқиқот хабар дода шудааст. Вовчак гуфт, азбаски собиқ узви шӯъбаи вижаи вазорати дохиливу як мухолифи сиёсӣ ошкор ва пинҳонношуда дар бораи қазияи нопадидшавии шахсе сӯҳбат кардааст, боиси вокунишҳои зиёди ҷомеа шуд ва таҳқиқи қазия аз сар гирифта мешавад. Дар ин мусоҳибааш Юрий Гарауски гуфт, шӯъбае, ки ӯ кор мекард, даст ба рабоишу куштори сиёсатмадори мухолифи давлат Виктор Гончар, соҳибкор Анатол Красауски ва Захаренко задааст.

XS
SM
MD
LG