Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон гуфт, нисбати сарнавишти Отамбоев бетаваҷҷуҳ нест


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти кунунии Қирғизистон дар мавриди сарнавишти президенти пешини кишвараш Алмосбек Отамбоев изҳори назар кард. Ҷеенбеков гуфт, нисбати сарнавишти Отамбоев бетаваҷҷуҳ нест ва ҳамзамон ёдовар шуд, ки "замоне ҳамсаф буданд ва дар якҷоягӣ барои озодии кишвар дар солҳои 2005-2010 мубориза бурданд".

"Аз замоне ки ман президент шудам, нисбати вай чизе нагуфтам, сарфи назар аз он ки дигарон дар бораи ман чизҳои зиёде гуфтанд. Барои ман муттаҳидии мардум аҳамият дорад. Ман дар бораи изҳороте, ки нисбати ман садо дод чизе нагуфтам, вале онҳо талоши тақсим кардани кишвар ва ғасби кишварро карданд. Ман хеле сабр кардам, ки онҳо ба худ меоянд. Вале акнун ман дигар чизеро ҳал намекунам. Вазъ дигар он вазъи пешин нест. Ҳоло ҳама чиз дар дасти мақомоти қудратӣ ва додгоҳ аст. Албатта, ман ғусса мехӯрам, ин вазъи душворе аст",-гуфт Ҷеенбеков.

Вай ҳамзамон илова кард, ки "касе намедонад, фардо чӣ рӯй медиҳад, аз ҳамин хотир бояд ҳамарӯза содиқ буд, аз рӯи виҷдон кор кард ва омодаи посух гуфтан ба аъмоли худ буд".

Рӯзҳои 7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG