Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд як мард кӯдаки ҳамхонаашро аз ошёнаи чорум ба замин партофтааст


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон мардеро боздошт карданд, ки дар натиҷаи баҳсе духтари чаҳорсолаи ҳамхонаашро аз ошёнаи 4-ум ба замин партофтааст.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, В. К. - марди 41-сола ва сокини кӯчаи Шаҳриободи ноҳияи Мирзоулуғбек, ки доғи судӣ дорад, шаби 20-уми декабр ҳамроҳи ҳамхонааш - М.К. арақ нӯшида, бо ҳам баҳс кардаанд. Мард духтари занро аз ошёнаи 4-ум ба замин андохтааст, ки дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат расидааст.

Додситонии ноҳияи Мирзоулуғбек роҷеъ ба ин ҳодиса бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз кардааст.

В.К. боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG