Гуруҳе аз сокинони шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24-уми декабр пушти дари боздоштгоҳи махсуси шаҳр ҷамъ шуданд ва озодии наздики 20 танеро талаб карданд, ки дар гирдиҳамоиҳои рӯзи 16-уми декабр боздошт ва аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд.
Ахиран хабар расид, ки бештар аз 25 боздоштшудаи рӯзи 16-уми декабр бо талаби раҳоӣ аз ҳабс гуруснашинӣ эълом кардаанд. Сокинон пушти дари боздоштгоҳи махсуси шаҳри Алмато рӯзи 24-уми декабр бо нидоҳои "Озодӣ" шиорпартоӣ карданд. Касе аз намояндагони боздоштгоҳ назди онҳо набаромад.
Рӯзи 16-уми декабр ҳангоми пароканда кардани гирдиҳамомадагон пулис дар ду шаҳри Қазоқистон - Алмато ва Нурсултон даҳҳо одамро боздошт кард. Бисёре аз боздоштшудаҳо баъдан ҳабси маъмурӣ шуданд. Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти 55 сокин хабар медиҳад.