Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия дар шимолу ғарби Сурия, дар вилояти Идлиб 8 кас, аз ҷумла 5 кӯдак кушта шуданд.
Ба огаҳии СММ, аз 16-уми декабр амалиёти низомии ҳукумати Сурия ва Русия дар Идлиб афзоиш ёфта, даҳҳо ҳазор одамро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст. Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, дар давоми ин муддат ҳудуди 80 сокини осоишта ҷон бохтааст.
Нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад дар пайи задухӯрдҳои худ бо ҷиҳодиён даҳҳо маҳаллаву шаҳракро дар ҷануби Идлиб ғасб кардаанд.
Ба гуфтаи раҳбари Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия Ромӣ Абдураҳмон, нерӯҳои Асад дар чаҳоркилометрии шаҳри стратегии Маарет ал-Нумон қарор доранд.