Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми муштараки Узбекистону Қазоқистон дар бораи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ


Узбекистону Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки дар бораи асосгузори равияи яссавӣ дар Осиёи Марказӣ, шоири суфимашраби асрҳои миёна Хоҷа Аҳмад Ясавӣ филми муштарак таҳия кунанд.

Дар ин бора дар мулоқоти рӯзи 23 декабри вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Актот Раимқулов ва мудири кулли оҷонси миллии "Узбеккино" Фирдавс Абдухолиқов хабар дода шуд.

"Интизор меравад, ки филми мавриди назар дар тақвияти робитаҳои таърихиву фарҳангии Узбекистону Қазоқистон нақши муҳим мебозад ва кори муштарак қадами муҳиме дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши филмсозӣ хоҳад буд",-хабар дод маркази матбуотии "Узбеккино".

XS
SM
MD
LG