Саид Маъсуми Бадахш, кордори Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон маъмурияти худро дар Душанбе ба поён расонд. Оқои Бадахш аз якуним сол ба ин тараф масъулияти раҳбарии Сафорати Афғонистон дар Душанберо бар ӯҳда дошт. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат тавонист муносибати ду кишварро дар сатҳи ҳасана нигоҳ доранд.
Саид Маъсуми Бадахш рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, муваффақияти аслии маъмурияташ ин буд, ки муносибати Тоҷикистону Афғонистон "дар сатҳи ҳасана, мустаҳкам ва дар ҳоли густариш" аст. Аммо ин дипломати афғон гуфт, дар ду соли маъмурияташ талош кард, ки дар додани раводид ба шаҳрвандон сабукӣ эҷод шавад, ки ба он пурра даст наёфт. Интиқоли 138 зиндонии афғон аз Душанбе ба Кобул низ ба гуфта дипломати афғон, аз муваффақиятҳои дигари кории ӯ ва ҳамкоронаш мебошад.
Саид Маъсуми Бадахш пас аз замони барканории Залмай Юнусӣ, аз мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, кордори сафорати ин кишвар дар Душанбе буд. Аҳмад Амирзода кордори нави Сафорати Афғонистон дар Душанбе мебошад.
Курсии сафирии Афғонистон аз моҳи майи соли 2018 ба ин тараф холӣ аст. Дар он замон Залмай Юнусӣ, ки аз наздикони волии пешини Балх Атомуҳаммади Нур гуфта мешуд, аз мақомаш барканор шуд. Қабл аз ӯ дар мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу ҳафт сол кор кард.
Дар моҳи октябри соли 2018 расонаҳо хабаре нашр карданд, ки Шоҳгул Ризоӣ, намояндаи мардум аз Ғазнӣ дар порлумони Афғонистон, сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Аммо хонум Ризоӣ ҳеҷ гоҳ ба сифати сафир кор накард ва мақомоти тоҷику афғон ҳам ҳеҷ гоҳ шарҳ надоданд, ки чаро ӯ ба Душанбе наомад.
Танҳо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар як сафараш ба Душанбе дар моҳи октябри соли 2018 дар посух ба суоли Радиои Озодӣ ки "чӣ мушкил пеш омадааст?" гуфт: "Кадом қасде изофӣ дар ин маврид нест. Ин ҷузъи тартиботи дипломатии байни кишварҳост".
Афғонистон ба ҷуз сафораташ дар Душанбе, дар шаҳри Хоруғ -- маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, консулгарӣ дорад. Тоҷикистон низ дар Кобул сафорат дорад ва консулгариҳои он дар Балху Файзобод фаъол ҳастанд ва дар Кундуз бинобар таҳдидҳои амниятӣ, фаъолияти консулгарӣ фаъолияти худро муваққатан қатъ кардааст.