Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, ба таҳримҳои ИМА зидди "Ҷараёни шимол-2" посух хоҳанд дод


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, барои додани посух ба таҳримҳои ИМА, ки зидди тарҳи "Ҷараёни шимол-2" ҷорӣ шудаанд, омодагӣ мебинанд. "Ба таҳримҳо посух медиҳем. Албатта, тавре ки ба худ осеб нарасонем. Ин ки посух медиҳем, дақиқ аст",-изҳор дошт Лавров.

Президенти ИМА Доналд Трамп 20-уми декабр лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки эъломи таҳрим зидди лӯлаи газ аз Русия ба Олмон - "Ҷараёни шимол-2"-ро пешбинӣ мекунад. Ширкати швейтсарӣ-нидерландии Allseas сарфи назар аз иҷрои тақрибан 90 дарсади корҳои тарҳ зуд аз бунёди он даст кашид. Намояндаи ширкат гуфт, онҳо то шарҳи ҳуқуқӣ, техникӣ ва зистмуҳитии ниҳодҳои дахлдори ИМА-ро дарёфт накунанд, "корҳо аз сар гирифта нахоҳанд шуд".

Таҳримҳои мазкур манъи додани раводиди ИМА ва ҳабси дороиҳои хориҷиҳоеро дар ИМА пешбинӣ мекунад, ки ба тарҳи "Ҷараёни шимол-2" иртибот доранд. Ин таҳримҳо як қисми лоиҳаи қонуни ИМА дар бораи харҷҳои дифоӣ аст. Мақомоти Амрико лӯлаи газ аз Русия ба Олмонро борҳо таҳдид ба амнияти энержии Аврупо номидаанд.

"Ҷараёни шимол-2" қарор аст, аз баҳри Балтик убур карда, гази Русияро то Олмон расонад. Интизор мерафт, сохтмони ду лӯла, ки иқтидори умумиашон 55 млрд метри мукааб газро дар сол дар бар мегирад, охири соли 2019 анҷом шавад.

Сохтмони лоиҳаро ширкати русии "Газпром" бар ӯҳда дорад ва ширкатҳои олмонии Uniper ва Wintershall, гуруҳи англисиву ҳолландии Royal Dutch Shell, ширкати фаронсавии Engie ва австрагии OMV дар ин сохтмон шариканд. Арзиши умумии сохтмон 9,5 миллиард евроро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG