Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии авфи муҳоҷирони тоҷик дар мулоқоти Раҳмон ва Путин


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин масъалаи афви муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дар Русияро баррасӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр хабар дод ва гуфт, дар мулоқот дар ин рӯз, “рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия, муҳокима карда шуданд.” Дар ин хабар гуфта нашудааст, ки афви навбатӣ кай ва чӣ гуна сурат мегирад. Русия соли 2017 ба даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дод, санадҳояшонро қонунӣ кунанд.

Мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар шаҳри Санкт Петербург ва дар ҳошияи нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифтааст. Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Теъдоди зиёде аз онҳо ғайриқонунӣ ҳастанд. Ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид мекунанд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба қадри кофӣ саъю кӯшиш намекунад ва онҳоро ба ҳоли худашон гузоштааст.

XS
SM
MD
LG