Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи хабарнигори "Настоящее время" барои бозтоби мушкили муҳоҷирони тоҷик


Хабарнигори телевизиони "Настоящее время", ки як бахши Радиои Озодӣ аст, барои таҳияи гузоришҳо аз рӯзгору мушкилоти муҳоҷирони тоҷик, дар Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шуд.

Арслан Мусадиров, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав, дар озмуне бахшида ба муҳоҷирон ҷоизаи "Беҳтарин маводи сол дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ"-ро аз худ кард. Матлабҳои ин хабарнигор, ки бештар дар бораи шароиту мушкилоти муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аст, бо номи мустаори Мусса Казаков нашр мешаванд.

Арслан бо 7 матлабаш дар озмуни "Беҳтарин ҳимоятггари ҳуқуқи инсон" ки ҳамасола аз ҷониби "Маркази ҳуқуқи инсон" дар Тоҷикистон эълон мешавад, ширкат кард ва ғолиб эътироф шуд.

Ғолибони озмун, ки аз панҷ бахш иборат буд, дар Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират 18-уми декабр дар маросими хос бо ширкати намояндагон аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва Вазорати меҳнат ва муҳоҷирату фаъолони шаҳрвандӣ эълон шуданд.

Имсол ҷоизаи "Муҳоҷири сол" ба Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав супурда шуд. Собиров ба гуфтаи ташаббускорон, дар самти ҳимояи муҳоҷирон ва боло бурдани фаъолнокии иҷтимоии онҳо талошҳои чашмрас анҷом додааст.

Нурмуҳаммад Халилов, раҳбари Маркази ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили муҳоҷират аст. Вай гуфт, "ҳамчунин мо бо ташкили ин ҷоиза мехоҳем, афродеро, ки дар беҳбуд ёфтани вазъи муҳоҷирон саҳм мегузоранд муаррифӣ ва қадрдонӣ кунем".

Дар ин озмун имсол бисту ҳафт нафар, аз ҷумла ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат карданд, аммо аз ин миён 5 нафар дар 5 бахши озмун ғолиб дониста шуданд. Ба гуфтаи доварони озмун, дар бахши беҳтарин гузориши сол дар бораи муҳоҷирон, матлабҳои Арслан Мудасров, хабарнигори телевизиони "Настояшее Время" беҳтарин дониста шуданд.

Шарофҷон Раҷабов, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "довталабон зиёд буданд. Вале гузоришҳое, ки Мударисов ё Муссо Казаков пешниҳод кард, бештар дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон буд. Ӯ дар гузоришҳояш бештар аз боздошти худсаронаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва пардохт нашудани ҳаққи хизмати муҳоҷирон қисса мекунад. Арслан тавассути матлабҳояш, дар самти ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон корҳои зиёде анҷом додааст, ки боиси дастгирӣ аст".

Арслан Мударисов, ки матлабҳояш бо номи мустаори Муссо Казаков дар Радиои Озодӣ нашр мешаванд, тавассути навори видеои дар маросими ҷоизасупорӣ аз Маскав гуфт, 7 соли ахир ба баррасии мавзӯъҳои марбут ба муҳоҷират машғул аст.

Вай гуфт, "аксарият мегӯянд, муҳоҷирон ҳуқуқҳои худро намедонанд, аммо дар асл аксар мансабдорон аз ҳуқуқи муҳоҷирон бехабаранд. Аз нигоҳи ҳомиёни ҳуқуқ, Васоити ахбори омма ва расонаӣ кардани қазияҳои марбут ба муҳоҷирон метавонад дар то андозае ҳал шудани мушкили онҳо мусоидат кунад".

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар кишваре, ки қариб ҳар як оилааш муҳоҷир дорад, эълони чунин озмунҳо ва бо ин роҳ дигарбора ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеа ва мақомот ба ин мавзӯъ муҳим аст.

Соли гузашта дар озмуни "Беҳтари ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон" Қаримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва раҳбари созмони "ЭтМос" , "Беҳтарин муҳоҷири сол ва Валентина Чупник "Беҳтарин намояндаи созмони ҷамъиятӣ дар роҳи ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон", эълон шуданд.

Солона аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар бо мақсади дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Муҳоҷирон маъмулан аз мушкилоти фаровони худ дар Русия аз ҷумла рафтори бади кормандони пулис ба расонаҳо шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG