Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббии кӯдакистоне баъди таҳдиди бомба дар кӯдакистони Шарқи Дури Русия даргузашт


Як мураббии 73-солаи кӯдакистоне дар Шарқи Дури Русия ҳангоми кӯч додани мардум аз дохили муассиса баъди як занги телефонии дурӯғин дар бораи таҳдиди таркиши бомба даргузашт. Ҳодисаи мазкур рӯзи 19 декабр дар шаҳри Биробиҷани пойтахти минтақаи мухтори Яҳудӣ рух дод ва яке аз охирин мавридҳои таҳдидҳои телефонӣ оид ба ҷойгузорӣ шудани бомба дар муассисаҳои давлатӣ ва кӯдакистонҳои Русия мебошад. Рӯзи панҷшанбе чунин таҳдид дар Биробиҷан, Хабаровск ва Комсомолск-на-Амуре садо дод ва ҷустуҷӯҳои мақомот бепояву асос будани ин хабарҳоро собит кард.

Дар Биробиҷан дар паи занги телефонии ношиносе, ки гуфтааст, дар кӯдакистонҳои атрофи ин шаҳр бомба гузошта шуд, ҳашт муассисаи томактабӣ холӣ ва таҳқиқ карда шуд. Исми мураббизане, ки ба ҳангоми холӣ кардани бино аз кӯдакон даргузашт, нашр намешавад, вале гуфта мешавад, ки ӯ ногаҳон худро бад ҳис кард. Табибони ёрии таъҷилӣ, ки барои кӯмак даъват шуданд, натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд. Феълан сабаби аслии даргузашти ин зан маълум нест. Ҳарорати ҳаво дар Биробиҷан 26 дараҷа сард аст. Ҳафтаи гузашта дар паи чанд чунин занги дурӯғини телефонӣ оид ба таҳдиди бомба, даҳҳо додгоҳҳо дар Маскаву Санкт-Петербург аз мардум холӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG