Дар маркази шаҳри Бишкек садҳо эътирозгар аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки бар асоси таҳқиқоти журналистӣ оид ба фасод дар соҳаи гумрук таҳқиқи ҳамаҷониба ба роҳ монда шавад. Эътирозгарон рӯзи 18 декабр дар майдони Алатоои шаҳри Бишкек ҷамъ шуда аз мақомот хостанд, ки таҳқиқоти аз ҷониби гурӯҳи расонаҳо, аз ҷумла бахши Қирғизии радиои Озодӣ, барномаи таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои муташаккил ва ҳам оҷонсии Kloop анҷомшуда ҷиддӣ гирифта шавад. Ин гузориши фарогир роҳҳои аз Қирғизистон ба хориҷа рафтани мавҷи пулҳо тавассути гурӯҳҳои фасодзада дар хадамоти гумрук ва ҳукумати Қирғизистонро фош мекунад. журналистон дар ин таҳқиқоти моҳи ноябр нашршуда аҳроми сохтаи собиқ раиси гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимовро фош мекунанд. Эътирозгарон истеъфои додситони кулл Откурбек Ҷамшидовро талаб карда гуфтанд, ки ӯ дар роҳандозии таҳқиқи ҷиноии ин гузориши журналистӣ шитоб намекунад. 25 ноябри соли ҷорӣ тақрибан 2 ҳазор нафар дар айни чунин намоиши эътирозӣ иштирок карданд.