Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ҷазо барои туҳмату таҳқирро бекор мекунанд


Комил Алламҷонов.

Дар Узбекистон тасмим доранд, ҷазои маҳрум кардан аз озодиро барои туҳмату таҳқир бекор кунанд. Дар ин бора Комил Алламҷонов, раиси Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон рӯзи 16-уми декабр хабар дод.

Ба гуфтаи Алламҷонов, президенти Узбекистон ахиран қарореро имзо кардааст, ки имкон медиҳад, меъёри маҳрум сохтан аз озодӣ ба хотири туҳмату таҳқир бекор карда шавад.

Ба ҷуз ин, Додгоҳи олӣ иҷозат хоҳад дод, ки рӯзноманигорон ва шаҳрвандони қаторӣ дар ҷаласаҳои додгоҳӣ ширкат варзанд.

Ҳамзамон бо қабули қарори ҳукумат дастур мешавад, ки расонаҳои давлатӣ кори худро беҳтар созанд, маоши кормандонро сари вақт пардозанд, инчунин сомонаҳои худро фаъол гардонанд.

Қарор аст, таъсиси радио ва телевизион ҳам дар Узбекистон содда гардонида шавад.

XS
SM
MD
LG