Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корманди сафорати Қазоқистон дар Миср кушта шуд


Шаҳри Қоҳира -- пойтахти Миср.
Шаҳри Қоҳира -- пойтахти Миср.

Еламан Жолдасов, корманди сафорати Қазоқистон дар Миср дар шаҳри Қоҳира вафот кард. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд.

"Дар ҳоли ҳозир додситонии Миср тафтиш мегузаронад. Дар ҳамин робита аз шумо мехоҳем, ки то пайдо шудани иттилои расмӣ ва анҷоми тафтишот аз шарҳу тафсири бемаврид худдорӣ варзед. Намояндагони вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон барои иштирок дар тафтишот ба Миср фиристода шудаанд. Вазорати корҳои хориҷӣ давоми рӯзи 18 декабр бо баргузории як нишасти хабарӣ ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ хоҳад дод", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Расонаҳо аз қавли хоҳари Еламан Жолдасов навиштанд, ки ҷасади ин корманди сафорати Қазоқистон дар Миср рӯзи 13 декабр дар наздикии манзили зисташ пайдо шудааст.

XS
SM
MD
LG