Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои ташкили эътирозҳо тавассути Интернет муҷозот ҷорӣ мекунад


Узбекистон ният дорад муҷозотро барои истифодаи Интернет ба хотири ташкил ё даъвати гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ шадидтар кунад. Як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон рӯзи 16 декабр ба Бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати кормандони вазорати адлияи ин кишвар тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳам Кодекси маъмуриро дар ин замина омода кардаст. Бар асоси тарҳи қонун, шахсе, ки аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои интернетӣ ва дигар василаҳои интернетӣ баргузории таҷаммӯъҳои ғайриқонуниро даъват мекунад, метавонад ба мӯҳлати то 10 соли зиндон маҳкум шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки то куҷо ин тарҳи қонун аз зинаҳои зарурии қонунӣ гузаштааст ё на. Бар асоси қонун, баъди тасдиқи парлумон тарҳи қонунро бояд президент имзо кунад. Мақомоти Русия, ки айни чунин қонунро қабул кардаанд, муқаррароти навро барои муҷозоти фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG