Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF: Журналистика “як пешаи хатарнок” боқӣ мемонад


Созмони Гузоришгарони бидуни марз (RSF) мегӯяд, ки соли 2019 журналистика “як пешаи хатарнок” боқӣ мондааст, чун дар ин сол 49 журналист кушта шуда, 389 нафар дар зиндон ва 57 нафар гаравгон боқӣ мемонанд. Созмони мақарраш дар Париж ин нуктаро дар гузориши нави солонааш нашр кардааст, ки мизони хушунат ва озори журналистонро дар саросари ҷаҳон таҳқиқ мекунад. Омори имсол бадастомада поинтар нисбати ба нишондодҳои 16 соли охир мебошад. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки шумори бештари журналистон дар ҷангҳои Сурия, Афғонистон ва Яман кушта шудаанд. Нисфи журналистони зиндонӣ дар маҳбасҳои Чин (120 нафар), Миср (34 нафар), Арабистони Саудӣ (32 нафар) ба қайд гирифта шудаанд. Сурияву Яман, Ироқу Украина ба унвони кишварҳое зикр шудаанд, ки дар он ҷо журналистон ба ҳайси гаравгон дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҷиноятпеша нигаҳдорӣ мешаванд.


XS
SM
MD
LG