Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хусти Афғонистон 10 узви як оила кушта шуданд


Бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ дар вилояти шарқии Хусти Афғонистон, дасти кам 10 нафаре, ки савори мошин буданд, кушта шуданд. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Нусрат Раҳимӣ гуфт, ки таркиш субҳи 17 декабр дар ноҳияи Алишер рух дод. Қурбониҳо се кӯдак, ду зан ва панҷ мард мебошанд. Толиб Мангал, сухангӯи волии Хуст гуфт, ки ҳамаи қурбониҳо узви як оила буда, аз вилояти Лугар барои ширкат дар як маросими дафн меомаданд. Раҳимӣ гуфт, ки ин таркиш кори дасти Толибон аст. Ҳанӯз худи гурӯҳи шӯришӣ дар бораи ҳамлаи имрӯза шарҳе надодааст.

UNAMA – Дафтари СММ оид ба ёрӣ ба Афғонистон аз афзоиши мизони хушунат алайҳи афроди мулкӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Бар асоси ҳисобҳои ин созмон, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Афғонистон 2563 нафар кушта ва 5676 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG