Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қонуни ҷаримабандии 5-миллиониро барои "агентҳои хориҷӣ" имзо кард


Владимир Путин, президенти Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он барои вайрон кардани муқаррароти қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ", ҳам расонаҳо ва ҳам шаҳрвандони қаторӣ ҷаримаҳои ҳангуфт баста мешаванд.

Қонунвайронкунӣ, барои мисол, метавонад нишон надодани тамғаи "агенти хориҷӣ" дар сомона, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё дар маводи алоҳида, инчунин дар ҳисоботе, ки ба вазорати адлияи Русия таҳия мешавад, ба ҳисоб равад.

Барои ин гуна қонунвайронкунӣ шаҳрвандони қаторӣ то 10 ҳазор рубл (муодили 1,5 ҳазор сомонӣ), афроди масъул то 50 ҳазор рубл (муодили тақрибан 7,5 ҳазор сомонӣ) ва ташкилоту муассисаҳо то 500 ҳазор рубл (тақрибан 75 ҳазор сомонӣ) ҷарима мешаванд.

Барои такроран содир кардани ин амалҳо шаҳрвандони қаторӣ то 50 ҳазор рубл, афроди масъул то 100 ҳазор рубл (15 ҳазор сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ (муассисаву ташкилотҳо) то 1 миллион рубл (муодили 150 ҳазор сомонӣ) ҷарима мешаванд.

Барои қонунвайронкунии "дағалона" кормандони "агентҳои хориҷӣ" ҷаримаи ҳангуфтаре мешаванд: шаҳрвандони қаторӣ то 100 ҳазор рубл ва ё то 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ; афроди масъул то 200 ҳазор рубл (муодили 30 ҳазор сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ то 5 миллион рубл.

"Қонунвайронкунии дағалона" бештар аз ду маротиба вайрон кардани муқаррароти қонун дар давоми як сол ба ҳисоб меравад.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" дар Русия соли 2017 қабул шуд. Баъди он мақомоти Русия Радиои Озодӣ ва бахшҳои онро дар Русия, Садои Амрико ва телевизиони "Настояшее Время"-ро "агенти хориҷӣ" эътироф карданд.

XS
SM
MD
LG