Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо нафар дар Ҳинд дар паи қабули қонуни шаҳрвандӣ


15 декабр, Деҳлии Нав
15 декабр, Деҳлии Нав

Эътирозҳо аз қабули қонуни баҳсбарангези шаҳрвандӣ дар Ҳинд боиси эътирозҳои сартосарӣ ва бархӯрди мардум бо полис дар чандин шаҳру манотиқи ин кишвар шуд. Дар пойтахт, шаҳри Деҳлии Нав рӯзи 16 декабр полис бо истифода аз гази ашковар эътирозгаронро боздошт кард, дар ҳоле, ки эътирозгарон автобусҳоро оташ зада роҳҳоро масдуд карданд. Қонуни нави шаҳрвандиро парлумони Ҳинд рӯзи 11 декабр қабул кард ва баъди ин дар қисматҳои шарқ ва шимоли Ҳинд намоишҳои эътирозӣ шурӯъ шуд, дар чанд шаҳр хадамоти интернетиро масдуд карданд. Дар давоми панҷ рӯзи бенизомиҳо чанд нафар кушта шуд.

Қонуни нави шаҳрвандӣ мегӯяд, ки ба табааи ғайримусалмони се кишвари ҳамсояи Ҳинд – Афғонистон, Бангладеш ва Покистон – шароити дарёфти осони шаҳрвандиро фароҳам мекунад. Бархе мунаққидон қонуни навро ҳамчун бахше аз стратегияи нахуствазир Нарендра Модӣ интиқод карда мегӯянд, ки ҳадафи он ба ҳошия задани 200 миллион мусалмонони Ҳинд мебошад, дигарон аз он ҳарос доранд, ки мизони муҳоҷират ба ин кишвар афзоиш меёбад. Ҳизби Bharatiya Janata-и нахуствазир мегӯяд, ки қонуни мазкур барои ҷалби афроде нигаронида шудааст, ки аз саркӯбҳои динӣ фирор мекунанд.

XS
SM
MD
LG