Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА стратегияи навашро дар Осиёи Марказӣ нашр мекунад


Ҳукумати Доналд Трамп, президенти ИМА ба нашри стратегияи ин кишвар дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинад.

Як мақомдори департаменти давлатии ИМА рӯзи ҷумъа гуфт, ҳукумати Доналд Трамп ба нашри стратегияи Амрико дар Осиёи Марказӣ - минтақаи аз ҷиҳати энержӣ ғанӣ, ки Русияву Чин талоши зери нуфуз дароварданашро доранд ва амнияташро ҷангҷӯёни Афғонистон таҳдид мекунанд, омода мешавад.

"Дар соле, ки дар ҳоли сипарӣ шудан аст, ИМА бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ муносибаташро "фаъол",- гардонид, гуфт намояндаи департаменти давлатии ИМА.

Моҳи июли соли ҷорӣ ҳайати ИМА дар чаҳор соли охир бори аввал вориди Қирғизистон шуд. Моҳи ноябр вазири хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро дар департаменти давлатии ИМА қабул карданд. Баҳори соли оянда департаменти давлатии ИМА тасмим дорад, бо намояндагони Тоҷикистону Узбекистон мулоқот кунад.

Таваҷҷуҳи Вашингтон ба Осиёи Марказӣ дар ҳоле афзоиш меёбад, ки ИМА талош дорад, артишашро аз Афғонистон хориҷ кунад. Афғонистон бо чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ марзи муштарак дорад.

XS
SM
MD
LG