Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Саратоғи ноҳияи Айнӣ. ВИДЕО


Шаби 11-уми декабр як бинои истиқоматӣ дар деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба коми оташ рафтааст.

Корбаре ба Радиои Озодӣ аз лаҳзаҳои оташ гирифтани ин бино видеое фиристод ва гуфт, "ин мактаби деҳа аст ва шабона оташ гирифт ва то субҳ хокистар шуд".

Дар навор дида мешавад, алангаи оташ ба ҳаво мепечад ва касе барои хомӯш кардани он талош намекунад. Солҳои охир бисёриҳо аз шеваи кори оташнишонҳо танқид мекунанд, ки ба ҷойи ҳодиса дер мерасанд ва агар расанд ҳам, ё об надоранд ва ё мушкили техникӣ доранд.

Мақомоти оташнишонии вилояти Суғд гуфтанд, аз ин ҳодиса хабар надоштанд ва сокинон низ ба онҳо занг назадаанд.

Бахтиёр Умарзода, сардори идораи оташнишонии вилояти Суғд, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷойи ҳодиса то нуқтаи оташнишонӣ 93 километр роҳ аст, "вале агар сокинон хабар медоданд, ҳатман ба онҷо мерафтем."

Мақомоти тафтишотии ноҳияи Айнӣ сабаби сӯхторро дар бинои собиқи мактаби деҳаи Саратоғ расиши ноқилҳои барқ гуфтанд, аммо зарари расида ҳанӯз муайян нашудааст.

Як сокини деҳаи Саратоғ гуфт, ҳуҷраҳои ин бино дар солҳои пеш ба ҳайси синфхона истифода мешуд, аммо вақтҳои ахир дар онҷо на касе дарс мехонд ва на зиндагӣ мекард.

Муллоғиёс Шарифзода, мудири идораи маорифи ноҳияи Айнӣ низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта дар онҷо хонандагон то синфи 9-ум таҳсил мекарданд, аммо бо бунёди мактаби нав дар деҳа, солҳо боз касе ба онҷо намерафт.

Сӯхтор дар ноҳияи Айнӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

XS
SM
MD
LG