Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як нафар дар Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ


Дар шаҳри Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ аз сабзавоти консервашуда як нафар ҷон бохта, шаш каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Абдукарим Шокиров, пизишки бемористони Кӯлоб, 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса як рӯз пеш иттифоқ афтод. "Назрулло Мардонов ва шаш каси дигарро дар ҳолати вазнин ба бемористон оварданд. Баъди ташхсис маълум шуд, ки онҳо аз сабзавоти консервашуда заҳролуд шудаанд. Назрулло Мардонов даргузашт, боқимондаҳо табобат мегиранд," -- афзуд ӯ.

Инҳо сокинони Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб буда, дар корхонаи хиштпазӣ кор мекарданд.

Аввали моҳи октябри имсол бар асари заҳролудшавӣ аз як гиёҳи заҳрогин дар яке аз пахтазорҳои ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор, Азизулло Сафарови шашсола ва Сумайя Сафароваи ҳаштсола ҷон бохта, се тани дигар бистарӣ шуда буданд.

Пеш аз ин дар моҳи август ду узви як хонавода дар Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохта, ду тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG