Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон қазоқтаборони фирории Чинро истирдод мекунанд


Қазоқтаборони чинӣ Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ, ки марзи Қазоқистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ба Чин истирдод мешаванд. Дар ин бора Дархан Дилманов, мудири хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод.

"Баъди анҷоми баҳсҳои додгоҳӣ ва муҳлати ҷазои ҷиноӣ мо ин шаҳрвандонро ба ватанашон истирдод мекунем. Аз ҳамин хотир, онҳо имкони инҷо боқӣ монданро надоранд",-гуфт Дархан Дилманов.

Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд. Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14-уми октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Ба гуфтаашон, хонаводаи онҳо дар Чин мондаанд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябр марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябр муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG