Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абарқудратҳо ба номаи Путин дар бораи насби мушакҳо посух надодаанд


Бештари раҳбарони кишварҳои абарқудрат ба номаи президенти Русия Владимир Путин дар бораи эъломи моратория ба насби мушакҳои миёна ва дурпарвоз посух надодаанд. Дар ин бора худи Путин дар ҷаласаи марбут ба масоили низомӣ хабар дод.

Ба иттилои РБК, Путин гуфтааст, адами вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ Русияро водор мекунад, ки барои мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ тадбирҳое биандешад. "Ба номаи мо то ҳол президенти Фаронса Эммануэл Макрон посух додааст. Шарикони дигар вокуниш нишон надодаанд", - навиштааст РБК бо истинод ба суханҳои Путин. Ба гуфтаи президенти Русия, Маскав гӯё алоқаманди насби мушакҳои нав нест.

Ахиран Владимир Путин гуфта буд, ки Русия омодааст, ҳар чи зудтар, то охири соли равон бидуни шарт созишномаи кам ва маҳдуд кардани аслиҳаи ҳуҷумии стратегиро тамдид кунад.

Президенти Русия ҳамчунин изҳор дошт, ки Кремл метавонад созишнома бо Вашингтонро тамдид накунад, зеро ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия тавони ҳимояти кишварашро дар ояндаи дарозмуддат доранд.

Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу миёнапарвоз миёни Русия ва ИМА соли равон бекор карда шуд. Нахустин шуда аз иҷрои он Вашингтон даст кашид. ИМА Русияро ба нақзи созишнома айбдор кард. НАТО низ аз мавқеи Вашингтон ҷонибдорӣ намуд. Русия ин иддаоро рад кард, вале он низ аз иҷрои созишнома даст кашид.

XS
SM
MD
LG