Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазире, ки Бердимуҳаммадов аз ҷаласа берун кард, зиндонӣ шуд


Вазири умури дохилии Туркманистон Искандар Муликов, ки президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ӯро аз ҷаласа берун карда буд, маҳкум ба зиндон шудааст. Вале гуфта намешавад, ки ӯ кай ва чанд сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар бораи ҳабси Муликов додситони кулли Туркманистон Ботир Атдаев 3 декабр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар иттилоъ дод. Телевизионҳои давлатии Туркманистон низ дар як гузориши махсус вазири пешинро завлона ба даст нишон доданд.

"Ман, Искандар Муликов ба ин нигоҳ накарда, ки солҳои 2009-2019 вазири умури дохилӣ будам аз мақоми худ сӯистифода карда, пора гирифтам ва хонаҳоро аз худ кардам. Бо вуҷуди он ки сарфармондеҳи муҳтарами мо тамоми шароитро барои кору зиндагӣ фароҳам кардааст, ман роҳи нодурустро интихоб намуда, ба маблағи калон ришва гирифтам. Пас аз ифшо шудани ҷинояткориҳоям маро дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашиданд. Ҳамаи гуноҳоямро ба гардан мегирам ва аз кардаам пушаймонам",-изҳор дошт Муликов дар гузориш.

Бино ба гузориш, тамоми дороиҳои ғайриқонунии вазири умури дохилии пешини Туркманистон ба нафъи давлат мусодира шудаанд.

Ёдрас мешавем, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 1 октябр дар ҷаласаи васеи Девони вазирони Туркманистон Искандар Муликовро аз мақом барканор ва аз толор пеш кардааст. Бердимуҳаммадов пас аз шунидани ҳисоботи Ботир Атдаев дар бораи ҳолатҳои аз мақом сӯистифода кардани Муликов, ӯро аз мақом барканор карда буд.

XS
SM
MD
LG