Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боздошти судяи тақаллубӣ дар Алмато

Додситонии шаҳри Алматои Қазоқистон хабар дод, ки дар ин шаҳр додгоҳи тақаллубие як муддат фаъолият кардааст. Ин додгоҳро як зан таъсис дода ва номи онро "Додгоҳи байналхалқии ҳакамии Адолат" унвон кардааст.

Зан худро судя эълом ва аз номи Ҷумҳурии Қазоқистон парвандаҳои маъмурӣ, ҷиноӣ ва шаҳрвандиро муҳокима ва ҳамчунин ҳукму қарор содир кардааст.

"Бо ин санадҳои тақаллубии додгоҳиаш вай ҳуқуқи ронандагии сокинонро бекор карда, ҷарима ситонидааст, инчунин талош кардааст, ки боздоштшудаҳоро озод кунад ва ғайра",-хабар дод додситонӣ.

Мақомот хабар намедиҳанд, ки чи гуна тақаллубкории ин занро ошкор кардаанд. Аммо дар иттилоияи додситонӣ омадааст, ки нисбати зан парванда боз карда ва "додгоҳ"-и ӯ барҳам дода шудааст. Аз рӯи моддаи "Худсарона аз худ кардани мақоми намояндагии давлат" собиқ "судя"-ро то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Раиси СБА: иқтисоди ҷаҳон дар марҳилаи рукуд аст

Раиси Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева.

Раиси Сандуқи байналмилалии пул Кристалина Георгиева гуфт, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар пайи паҳншавии вируси корона шомили марҳилаи рукуд шудааст. Вай аз кишварҳои дунё даъват кард, ки бо рӯи даст гирифтани "барномаҳои бузург", аз варшикастагиву дефолт пешгирӣ кунанд.

Георгиева дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишварҳои дар ҳоли рушд барои пушти сар кардани буҳрон ҳадди ақал ба 2,5 триллион доллар ниёз доранд.

Ин буҳронро вируси корона ба бор овард. Айни ҳол вируси корона бештар аз 30 ҳазор касро дар саросари дунё куштааст.

Георгиева баъди он нишасти хабарӣ баргузор кард, ки бо сарони 24 кишвари дунё – гуруҳи таъйинкунандаи сиёсати СБА – гуфтугӯи телефонӣ дошт.

“Барои ҳама ошкор аст, ки мо вориди марҳилаи рукуд шудем. Рукуде монанд ба соли 2009 ва ё бадтар аз он. Мушкили асосии уфти якбораи иқтисоди ҷаҳонӣ мавҷи варшикастагиҳо ва аз кор ихроҷ карданҳо аст, ки натанҳо барқарориро мушкил, балки зиндагии ҷомеаи моро хароб мекунад”, - гуфт Георгиева.

Вай огоҳ кард, ки ҳолати аз ин бадтар барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҳанӯз дар пеш аст. Ба гуфтаи вай, ин кишварҳо ҳанӯз паёмадҳои гарони ваборо эҳсос накардаанд, аммо аз ҳоло аз фирори сармоя ва уфти қимати маҳсулоти содиротиашон зиён мебинанд.

Георгиева мегӯяд, СБП ба таври бесобиқа дархости кумаки фаврии молӣ дарёфт мекунанд. 81 кишвар, аз ҷумла 51 кишвари дорои сатҳи пасти даромад ва 31 кишвари дорои сатҳи миёнаи даромад (чун Покистон, Гана, Эрон ва Қирғизистон) аз СБА дархости кумаки молӣ кардаанд.

Мағозаҳои Туркманистон хариди ғайринақдиро маҳдуд карданд

Яке аз бозорҳои Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Мағозаҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон барои хариди ғайринақдӣ маҳдудият ҷорӣ карданд. Ба гуфтаи сокинон, маҳдудият аз 28 март ҷорӣ шудааст.

“Бо кортҳои бонкӣ дар рӯз то 80 манат харид кардан мумкин аст. Дар сурати бештар шудани харид корт баста мешавад”, - гуфт як сокин.

Бонки марказии Туркманистон қурби 1 доллари ИМА-ро 3,5 манат муқаррар кардааст.

Бино ба қарори вазорати тиҷорати Туркманистон, байни хариди аввал ва харидҳои баъдӣ 48 соат фосила таъйин шудааст. Як муштарӣ дар сурати аз мағозаи давлатӣ харид кардан бояд на камтар аз 48 мунтазир шавад ва баъдан хариди дувумро анҷом диҳад.

Ба ҷуз ин, бино бар тартиботи нав, аъзои оила ҳақ надоранд, ки харидҳои якдигарро пардозанд. Ҳар узви оила бояд бо корти худ харидашро пардохт кунад.

Ба гуфтаи сокинон, айни ҳол дар мағозаҳои давлатии Туркманистон барои хариди нон, орд, равған, тухм ва гӯшти мурғ навбатпоӣ мушоҳида мешавад. Ин навъи маҳсулот бо меъёр ва дар соатҳои муайян фурӯхта мешавад.

Дар мағозаҳои хусусӣ нархи маҳсулот нисбатан баланд аст ва ба ҳамин далел, бисёре аз муштариҳо талош мекунанд, ки аз мағозаҳои давлатӣ хардидорӣ кунанд.

Ҳамаи фурудгоҳҳои Узбекистон муваққатан фаъолияти худро қатъ карданд

Ҳамаи фурудгоҳҳои Узбекистон бо қарори Комиссияи махсуси давлатии мубориза бо коронавирус аз 30-юми марти соли равон фаъолияти худро қатъ карданд.

"Аз 30 март то 20 апрели соли 2020 тамоми фурудгоҳҳои Узбекистон фаъолияти худро қатъ карда, ҳамаи парвозҳо низ манъ карда шуданд", - омадааст дар иттилоияи комиссия.

Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати умури хориҷии Узбекистон ба хотири баргардонидани шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ дар якҷоягӣ бо сафорату консулгариҳо парвозҳои чартериро ба роҳ мемонад.

Дар Узбекистон ҳамчунин аз 30-юми март истифодаи нақлиёти шахсӣ манъ мешавад. Шаҳрвандони Узбекистон танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ, ҳангоми таваллуд, захми ҷиддӣ ё ҳолатҳои дигаре, ки ҷони инсон дар хатар аст, метавонанд аз нақлиёти шахсии худ истифода кунанд.

Сокинони Тошкандро барои нақзи карантин беш аз 1 млн сӯм ҷарима карданд

Узбекистон аз чанд рӯз ба ин тараф дар карантин ба сар мебарад.

Сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон 27-уми март сарфи назар аз эъломи карантин кушиш карданд, ки дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи зисти ноҳияи Чилонзор тӯй баргузор кунанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, як қисми иштирокчиёни тӯй ниқоби тиббӣ надоштанд.

Баъди муроҷиати сокинони бино, ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҳозир шуда, баргузории тӯйро манъ карда, бо иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Нақзкунандагони карантин ба маблағи беш аз 1 миллион сӯм (100 доллар) ҷарима карда шуданд.

Дар Узбекистон ба иллати коронавирус аз 16-уми март карантин эълом шудааст. Ҳамчунин аз 27-уми март сокинони ин кишвар вазифадор шудаанд, ки бидуни зарурат ба берун набароянд. Онҳо танҳо ба хотири хариди дору ва ғизо ҳаққи берун рафтанро доранд.

Дар ин кишвар то рӯзи 30-юми март шумори мубталоён ба коронавирус ба 144 нафар расидааст.

Сабти 12 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Қазоқистон

Шаҳри Алмато, Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, то рӯзи 30-юми март шумораи мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 283 нафар расид.

Ахиран дар Қазоқистон 12 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шуда, 1 ҳолат дар Нурсултон, се ҳолат дар Алмато, шаш ҳолат дар вилояти Атирау ва ду ҳолат дар вилояти Алмато сабт гаштааст.

Дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон аз 28-уми март низоми карантин сахттар карда шудааст. Сокинон танҳо барои хариди дору, ғизо ва рафтан ба кор ҳаққи берун баромадан аз хонаҳоро доранд.

Низоми шадиди карантин дар шаҳри Чимкент низ ҷорӣ шудааст. Аз 30-юми март шаҳрҳои Атирау, Қарағанда, Темиртау, Шахтинск, Абай ва Саран низ карантин мешаванд.

Тоҷирони мошин аз Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон дармондаанд.ВИДЕО

Қазоқистон марзҳояшро барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус бастааст.

Гуруҳе аз тоҷирони мошин аз Тоҷикистон мегӯянд, тақрибан ду ҳафта аст, ки дар марзи Русияву Қазоқистон бо мошинҳояшон дармондаанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд. Шарифҷон Қаюмов яке аз ин тоҷирон ва сокини шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо тақрибан 30 нафаранд ва аз 18-уми март дар гузаргоҳи Сагарчин дар марзи Русияву Қазоқистон мунтазиранд, ки ба онҳо иҷоза бидиҳанд, то ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд. Ӯ гуфт: “Аз 18-уми март дар марзи Русияву Қазоқистон дар вилояти Оқтуба дармондем. Тақрибан 30 нафар ҳастем. Бачаҳо чанд бор ба консули Тоҷикистон дар Қазоқистон телефон кардем, касе ҷавоб надод.“

Тоҷирони тоҷик бо мошинҳояшон дар марзи Қазоқистон дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Аммо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “баҳри вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа телефонҳои шабонарӯзӣ фаъол мебошанд. Вазорат шумораи тамос бо намояндагиҳоро дар ин саҳифа гузоштааст.

https://mfa.tj/tg/main/view/5892/mushakhkhasoti-tamos-bo-namoyandagihoi-diplomati-va-konsulii-tojikiston-dar-khorija

Ҳукумати Қазоқистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус дар қаламраваш марзҳояшро бастааст ва тоҷирони тоҷик дар вазъи мушкиле афтодаанд. Шарифҷон Қаюмов гуфт, ҳамаи тоҷирон мошинҳоро аз Литва ва Олмон харида ва қасд доштаанд, барои фурӯш ба Тоҷикистон баранд, ки ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Мо шабамонро дар мошин рӯз мекунем. Пуле доштем барои хӯрдан тамом шуд, Мағозаҳо гуфтанд, карантин ҳамаҷо баста. Як ошхона буд ҳамонро ҳам бастанд. Барои харид бояд 15 километр баргашта равем.” Шарифҷон Қаюмов видеоеро аз наздикии гузаргоҳ ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар он мошинҳои мусофирбар ва сабукрав бо рақамҳои транзитӣ дида мешаванд. Ӯ гуфт, ки мошинҳо ба тоҷирони тоҷик тааллуқ доранд ва акнун онҳо намедонанд, бо онҳову мошинҳояшон чӣ мешавад. Баъди сирояти коронавирус дар кишварҳои гуногун садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон бахусус дар Русия дармонданд.

"Аббот" абзоре сохтааст, ки вирусро дар 5 дақиқа маълум мекунад

Ҳоло барои маълум кардани вирус на камтар аз 4 соат лозим аст.

Як ширкати амрикоӣ мегӯяд, Идораи Ғизо ва Доруворӣ ба онҳо иҷоза додааст, як абзори озмоиширо, ки бемории КОВИД-19-ро дар камтар аз 5 дақиқа маълум мекунад, мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Ширкати “Озмоишгоҳҳои Аббот” рӯзи 27-уми март бо нашри як баёния гуфт, ки иҷоза барои истифодаи абзор истисноӣ аст, ба ин маънӣ, ки бо назардошти ҳолати фавқуллода метавонанд, онро истифода баранд.

Дар акси ҳол, барои иҷоза гирифтан абзори нави озмоишӣ бояд чанд марҳилаи дигари тафтишу тасдиқро бигзарад. Дар баёния омадааст, ки “Аббот аз ҳафтаи оянда абзори ташхисии ID NOW COVID-19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва интизор дорад, дар як рӯз то 50 ҳазор дона истеҳсол кунанд.”

Абзори нав баробари як қуттии хурд аст, ки имкон медиҳад, таҳқиқи вирус зуд анҷом шавад. Айни замон барои маълум кардани коронавирус дар вуҷуди инсон аз 4 то 8 соат зарур аст. Аз ин пештар мақомоти Амрикоро танқид кардаанд, ки барои озмоиши беморон абзор ва васоили кофии ташхис надоранд.

Саудӣ мегӯяд, ду мушаки баллистикиро маҳв кардааст

Системаи мушакии Патриоти Амрико дар наздикии пойгоҳи Шоҳзода Султон дар Арабистони Саудӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, ду мушаки баллистикиро дар фазои кишвар радёбӣ ва маҳв кардаанд. Нерӯҳои ҳавоии Саудӣ рӯзи 29-уми март гуфтанд, ки яке аз мушакҳоро дар пойтахт шаҳри Риёз нобуд кардаанд ва барои радёбӣ ва маҳви онҳо системаи мушакии Патриот тавлиди Амрикоро ба кор бурданд. Мушаки дуввумро дар шаҳри ҷанубии Ҷизон дар марзи Яман задаанд.

Туркӣ ал-Маликӣ сухангӯи Нерӯҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ гуфт, то кунун касе дар ин ҳодисаҳо себ надидааст. Хабаргузории давлатии Саудӣ аз қавли ин афсар навишт, ки пораҳои мушакҳои маҳвшуда дар маҳаллаҳои аҳолинишин рехтаанд. Касе масъулияти ҳамлаҳои мушакиро бар дӯш нагирифтааст, аммо ошӯбгарони Ҳусӣ, ки Эрон онҳоро дастгирӣ мекунанд, дар гузашта борҳо ба Арабистони Саудӣ бо мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла бурдаанд.

Арабистони Саудӣ ҳукумати Яманро ҳимоят мекунад ва Эрон ошӯбгарони зидди ҳукуматро. Ҷанг дар Яманро коршиносон ҷанги байни Эрону Арабистони Саудӣ барои тақвияти нуфузашон дар Ховари Миёна медонанд.

Шароби олуда 53 муҳоҷири туркманро ҳалок кард

Гӯри яке аз муҳоҷирони туркман дар оромгоҳи Кимсизлер.

Теъдоди муҳоҷирони туркман, ки дар Туркия баъди истеъмоли шароби олуда ҳалок шудаанд, ба 53 нафар расидааст. Дар ин бора як фарде, ки дар маросими ҷанозаи чанд нафар ҳузур дошт, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ рӯзи 28-уми март ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, яке аз заҳролудшудагон дар субҳи ҳамин рӯз фавтидааст.

Ба қавли манбаъ, 15 нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд. Табибоне, ки аз қазия огаҳ ҳастанд, ба хабарнигори ҳамкори Радиои Озодӣ дар Туркия гуфтанд, муҳоҷирони туркман водкаи олуда истеъмол карда ва ҳамчунин онро ба баданашон молидаанд, чун бовар доштаанд, ки онҳоро аз бемории КОВИД-19 эмин нигаҳ медорад.

Муҳоҷирони туркманро дар оромгоҳи Кимсизлер дар Истанбул дафн кардаанд. Хешовандони муҳоҷирони фавтида натавонистаанд, онҳоро барои дафн ба ватан биёранд, зеро ба сабаби густариши коронавирус ва бастани марзҳо ба мушкилоти расмӣ дучор шудаанд. Пулиси Истанбул гуфт, ки 10 нафарро барои фурӯши машруботи ғайриқонунӣ истеҳсолшуда дастгир кардаанд.

Теъдоди мубталоёни КОВИД-19 дар Русия аз 1500 тан гузашт

Маъмурони тиббӣ ҳарорати бадани мусофиронро дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан месанҷанд.

Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик онҷо кору иқомат мекунад, теъдоди гирифторони бемории КОВИД-19 аз 1500 нафар гузашт. Дар 24 соати гузашта дар ин кишвар 270 мавриди нави сирояти бемориро сабт кардаанд. Маркази бӯҳронии мубориза бо коронавирус рӯзи 29-уми март бо нашри ин хабарҳо гуфт, ки то кунун коронавирус 8 нафарро куштааст.

Ҳукумати Русия эълон кард, ки барои пешгирӣ аз густариши беморӣ аз рӯзи 30-уми март марзҳояшро мувақаттан мебандад. Дар баёнияи ҳукумат аз рӯзи 28-уми март омадааст, ки баъзе истисноҳо вуҷуд дорад ва дипломатҳо ва мошинҳои борбар ҳаққи рафтуомадро хоҳанд дошт.

Аксари мавридҳои нави сироят дар шаҳри Маскав сабт шудаанд. Дар пойтахти Русия то ҳол бештар аз 1000 нафар ба КОВИД-19 мубтало гаштаанд. Мақомоти Русия гуфтаанд, мумкин аст, шумораи гирифторон рӯзҳои наздик зиёд шавад, чун дар рӯзҳои наздик теъдоди зиёдтари мардум дар Маскав озмоиш хоҳанд шуд.

Узви дигари Конгресси Амрико ба КОВИД-19 мубтало шудааст

Акс аз бойгонӣ

Як узви дигари Конгресси Амрико ба коронавирус мубтало шудааст.

Майк Келлии 71-сола, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз аёлати Пенсилвания, рӯзи 27-уми март гуфт, дар аввали ҳафта нишонаҳои вирусро эҳсос кард ва сипас санҷиши тиббӣ нишон дод, ки ба КОВИД-19 гирифтор шудааст.

Ҳамзамон бо эъломияи Келлӣ, Ҷо Каннингем – намояндаи Ҳизби Демократ аз Каролинаи Ҷанубӣ – гуфт, озмоиши тиббӣ нишон додааст, ки ӯ низ ба коронавирус мубтало шудааст.

Пеш аз ин Ренд Пол, сенатори ҷумҳурихоҳ аз Кентукки, Бен Макадамс намояндаи Ҳизби демократ аз Юта ва Мари Диас Баларт намояндаи ҷумҳурихоҳ аз Флорида олудагии худро ба вируси коронав тасдиқ кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир дастикам 26 узви Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико пас аз тамос бо афроди мубтало ба коронавирус дар “карантин” ҳастанд. Бар асоси оморе, ки аз сӯи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс нашр шудааст, то кунун беш аз 1700 тан бар асари гирифторӣ ба коронавирус дар Амрико ҷони худро аз даст додаанд. Беш аз сад ҳазор тани дигар ба ин вирус мубталоянд.

Конгресси Амрико бастаи наҷоти иқтисодии 2 триллион доллариро барои муқобила бо вируси коронав қабул кард.

Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон ба беш аз 2500 тан расид

Эрон

Мақомоти Эрон хабар доданд, ки рӯзи 28-уми март 139 нафари дигар бар асари олудагӣ ба коронавирус ҷон бохтанд. Бо ин рақам, шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон ба беш аз 2500 тан расид.

Киёнуш Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон, рӯзи шанбе гуфт, дар 24 соати гузашта беш аз 3 ҳазор мавриди гирифторӣ ба бемории ҳамагири КОВИД-19 дар ин кишвар сабт шуд.

Шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон ба беш аз 35 ҳазор нафар мерасад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ваъда додааст, мақомҳои ин кишвар тайи ду ҳафта пеши роҳи густариши коронавирусро хоҳанд гирифт.

Сад шаҳрванди Қирғизистон дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав дармонданд

Шаҳрвандони Қирғизистон дар фурудгоҳи Маскав

Сад тан аз шаҳрвандони Қирғизистон дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Москва дармондаанд. Саибжан Киличбек қизӣ, яке аз мусофирони дармонда гуфт, чаҳор рӯз аст, ки наметавонад, ба Қирғизистон парвоз кунад.

Ба гуфтаи вай, маблағи қирғизистониҳои дармонда тамом мешавад ва дигар имкони харидории обу нонро нахоҳанд дошт. Шаҳрвандони Қирғизистон аз ҳукуматашон дархост доранд, ки мушкили онҳоро ҳал кунад.

Дар сафорати Қирғизистон дар Москва рӯзи 26 март гуфтанд, аз дармондани шаҳрвандон дар фурудгоҳҳои "Шереметево" ва "Домодедово" огоҳӣ доранд.

Русия тасмим гирифт, ки сар аз 27 март тамоми парвозҳои байналхалқиро қатъ кунад. Аммо фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек хабар медиҳад, ки ҳафтае як маротиба аз Бишкек ба Москва, аз шаҳри Ӯш ба Москва ва аз Бишкек ба Новосибирск парвоз анҷом мешавад.

Туркия парвозҳои байналмилалиро манъ кард. ВИДЕО

Фурудгоҳи Отатурки Истанбул. Моҳи апрели 2019

Мақомоти Туркия дар чаҳорчӯби мубориза бо густариши бемории ҳамагири КОВИД-19 аз 28-уми март рафтуои ҳавоии байналмилалиро қатъ карда, парвозҳои дохилиро маҳдуд мекунанд.

Тибқи омори расмӣ, то ин дам дар Туркия сирояти беш аз 5600 нафар ба коронавирус тасдиқ шуда, 92 нафари дигар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, аз шаҳрвандони кишвараш хост, довталабона "карантин" намуда, танҳо барои харидани маводи ниёзи аввал аз хона берун шаванд.

Аз нимашаби 28-уми март парвозҳои дохилӣ низ маҳдуд шуда, хоҳишмандон бояд пеш аз сафар иҷозат гиранд. Дар Туркия 14 фурудгоҳ барои равуои дохилӣ боз хоҳанд буд.

Рӯзи ҷумъа фурудгоҳи Истанбул, яке аз фурудгоҳҳои бузурги дунё, амалан аз кор монд.

Ин фурудгоҳ яке аз нуқтаҳои транзити шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам низ ҳаст. Як идда аз мусофирони бандмондаи тоҷик дар Туркия аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, барои бозгашти онҳо ба кишвар парвози чартерӣ ташкил кунад.

Тоҷикистон аз 19-уми март парвозҳои байналмилалиро қатъ кард, вале ҳафтаи гузашта дар чанд парвози чартерӣ гуруҳе аз муҳоҷирони бандмондаи тоҷикро дар фурудгоҳҳои Маскав ба кишвар бурд.

Туркия парвозҳои байналмилалиро манъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Нишасти паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ба таъхир уфтод

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, нишасти баррасии паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ба таъхир уфтодааст ва сабабашро ба сирояти бемории ҳамагири КОВИД-19 рабт дод. Қарор буд, нишаст аз 27-уми март то моҳи май дар Ню-Йорк баргузор шавад. Ин конфронс дар панҷ сол як дафъа баргузор мешавад. Стефан Дуйарич, сухангӯи Созмони Милал, гуфт, баробари мусоид шудани шароит нишаст баргузор мешавад. Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ панҷоҳ сол пеш такмил шуд. Бар асоси он, аъзои паймон, ки силоҳи ҳастаӣ надоранд, аҳд кардаанд то ба он дастрасӣ пайдо накунанд ва кишварҳои соҳиби силоҳи ҳастаӣ ба нобудии он кӯшиш мекунанд.

Аъмоли раиси додгоҳи шаҳри Нурсултонро тафтиш карданд

Додгоҳи шаҳри Нурсултон (Остона)

Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон рӯзи 27-уми март хабар дод, ки тафтиши аъмоли Тлектес Барпибоев, раиси додгоҳи шаҳри Нурсултонро шуруъ кардааст.

Расонаҳо пештар навиштанд, ки Барпибоев аз хизматрасонии ҳавопаймои хусусӣ истифода кардааст.

Оҷонси мубориза бо фасод дар Қазоқистон гуфт, тафтишот муайян кард, ки Барпибоев аз ҳавопаймои хешонаш барои парвоз ба Олмон истифода кардааст.

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон хабар дод, ки раиси ин додгоҳ охири ҳафтаи гузашта ба рухсатӣ баромадааст.

Барпибоеви 60-сола дар соли 2013 раиси додгоҳи шаҳри Нурсултон таъйин шуд. То он замон вай раиси додгоҳи Алмато буд.

Борис Ҷонсон гирифтори коронавирус шуд

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ҳангоми суҳбат дар бораи бемориаш. 27-уми марти 2020

Би-би-сӣ хабар дод, ки ташхиси тиббии сарвазири Бритониё, Борис Ҷонсон, "мусбат" баромад ва ӯ бо сабаби олудагӣ ба коронавирус ба "карантин" гузашт.

Ҷонсон ҳам рӯзи 27-уми март инро тасдиқ кард ва гуфт, "нишонаҳои сабук"-и гирифторӣ ба вирусро эҳсос мекунад ва қарор кард, корро дар хона идома диҳад.

Нахуствазири Бритониё дар саҳифааш дар Твиттер ба пизишкон, ходимони полис, ихтиёриён ва онҳое, ки ба ҷабҳаи мубориза бо коронавирус ҳамроҳ шудаанд, сипосгузорӣ кард. Ӯ изҳори бовар намуд, ки агар шаҳрвандони кишвар ба машварати табибон гӯш кунанд, Бритониё ба пандемия пирӯз мешавад.

Дар Бритониё шумори олудашудаҳо ба вирус то имрӯз наздик ба 12 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бар асари гирифторӣ ба ин вирус дар Бритониё 580 нафар фавтидаанд.

Борис Ҷонсон аввалин раҳбари ҷаҳонӣ аст, ки гирифтори коронавирус шудааст, вале пандемияи КОВИД-19 дар умум ба зиндагиву кори бисёре аз раҳбарон таъсир гузоштааст.

Масалан, садри аъзами Олмон Ангела Меркел баъд аз он ки духтури ӯро эмкарда худ гирифтори коронавирус баромад, ба карантин гузашт ва корро аз хона идома медиҳад.

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, баъди ошкоршавии вирус дар ҷисми ҳамсараш Софӣ баъди сафаре ба Лондон ҳамчунин ба карантини хонагӣ гузашт.

Дар миёни раҳбарони дигаре, ки аз санҷиши тиббӣ гузашта, гуфтанд, ки натиҷааш “манфӣ” баромад, раҳбарони Амрико, Бразилия ва Филиппин мебошанд. Муддате пеш баъди он ки ҳайати ҳукуматии Бразилия ба раҳбарии президент Жаир Болсонаро аз Иёлоти Муттаҳида баъди мулоқот бо Доналд Трамп баргаштанд, маълум шуд, ки чанд узви ҳукумати Бразилия гирифтори КОВИД-19 шудаанд.

Матбуот ва мунтақидон ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ карда, аз Трампу Болсонаро талаб карданд, ки ба карантин бираванд. Айни чунин даъват аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам садо дод. Вале онҳо баъди гузаштан аз санҷиши тиббӣ корро ба шеваи маъмулӣ идома доданд.

Рӯзи 27-уми март Кремлин хабар дод, ки як узви маъмурияти президенти Русия Владимир Путин ба коронавирус олуда шудааст, вале ин нафар бо президент дар тамоси мустақим набуд.

Сухангӯи Путин Дмитрий Песков бо нашри ин хабар гуфт, ки "тамоми тадбирҳо барои поккории санитарӣ ба роҳ монда шудааст".

Изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки шурӯъ аз 28-уми март дар сартосари Русия маҳдудияти шадид ҷорӣ шуда, тамоми тарабхонаву қаҳвахонаҳо баста мешаванд. Рӯзи 27-уми март шумори олудашудаҳо дар Русия беш ҳазор нафар ва ҳалокати инсонҳо бар асари гирифторӣ ба КОВИД-19 – 4 нафарро ташкил дод.

511 -- телефони боварии мақомоти тоҷик барои пешгирӣ аз коронавирус

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳадафи пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус, телефони боварӣ фаъол кардааст. Тибқи иттилои ин вазорат, ин телефон таҳти рақами 511, бисту чаҳор соат фаъол мебошад. Ин вазоратхона мегӯяд, ки сокинон метавонанд бо ин шумора дар тамос шуда, ба суолҳои худ посух дарёфт кунанд.

Вируси нави корона, ки то ин дам боис ба марги беш аз бист ҳазор нафар шуд, нигарониҳои ҷиддиро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба миён овардааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то имрӯз дар кишвар гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст ва ба ин хотир зарурати эълони вазъи фавқулодда нест.

Мақомот барномаи пешгирӣ аз вируси нави корона ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро таҳия карда, барои амалӣ кардани он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ кӯмак хостаанд. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон мавридҳои гирифтории сокинон ба коронавирус ошкор шуда, дар бархе аз ин кишварҳо вазъи фавқулода ва карантин эълон шудааст.

САҲА аз боздошти журналисти беларус “хеле нигарон” аст

Сатсук сардабир ва раҳбари вебсайти хабарии ej.by дар бораи фасод дар низоми беҳдошти Беларус ва бархӯрди бади мақомот ба хуруҷи коронавирус навиштааст

Вебсайти хабарии ej.by дар Беларус хабар дод, ки раис ва сардабири ин расона бо иттиҳоми порагирӣ боздошт шуд. Департаменти таҳқиқоти молӣ рӯзи 26 март дар изҳороте хабар дод, ки Сергей Сатсук рӯзи 25 март дар як амалиёти вижаи ин ниҳод боздошт шуд.

Анҷумани журналистони Беларус гуфт, ки баъди боздошти Сатсук идораи вебсайти хабарӣ ҳам кофтукоб шуд ва мақомот санадҳоеро мусодира карда бо худ бурданд.

Аляксандр Сатсук, бародари Сергей Сатсук иттиҳомотро “дурӯғин ва беҳуда” номида, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимолан боздошти ӯ ба гузориши таҳқиқотии бародараш дар бораи фасод дар вазорати беҳдошти кишвар ба ҳангоми воридоти маводи дорувори тиббӣ рабт мегирад.

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот дар изҳороти рӯзи 26 марташ гуфт, ки аз боздошти Сатсук “хеле нигарон”аст.

Дезир гуфт, ки хабарнигори боздоштшуда дар гузашта ҳам дар мавзӯи фасод дар бахши беҳдошт гузоришҳо навишта, батозагӣ дар гузоришҳояш бархӯрди мақомоти Беларус ба хуруҷи коронавирусро ба боди интиқод кашида буд.

Намояндаи САҲА таъкид кард, ки журналистон набояд барои пӯшиши хабарии масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳам вазъи атрофи Ковид-19 “таҳдид, таъқиб ё боздошт шаванд”. Ӯ гуфт, ки журналистон дар нашри гузориш оид ба пандемияи коронавирус ва ироаи иттилои муҳим барои ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

ИМА ширкатҳову шахсиятҳои марбут ба Сипоҳи посдоронро таҳрим кард

6 январи соли 2020 маросими дафни Қосим Сулаймонӣ баргузор шуд

ИМА гуфт, ки алайҳи 20 ширкати воқеъ дар Эрону Ироқ ва ҳам чанд мақомдору шахсиятҳои ҷудогона, ки барои пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мешаванд, таҳрим ҷорӣ мекунад.

Рӯзи 26 март вазорати молияи ИМА гуфт, ки таҳримҳо ширкату мақомдорони баландпоя ва шарикони тиҷоратии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва ҳам бахши хориҷии он – нирӯҳои Қудсро ҳадаф қарор додаанд.

Ширкату шахсиятҳои алоҳида “инчунин барои ирсоли ёриҳои марговар ба террористон дар Ироқ, назири гурӯҳҳои Катойиб Ҳизбуллоҳ ва Асойиб Аҳл-ал-Ҳақ, ки аз Эрон пуштибонӣ мебинанд” муттаҳам шудаанд. Вазорати молияи ИМА гуфт, дар қатори фаъолиятҳои дигар ин шахсон ва ширкатҳо, аз ҷумла, барои қочоқи силоҳ ба Яман, фурӯши нафти аз сӯи ИМА таҳримшудаи Эрон ба ҳукумати Сурия, роҳандозии таблиғот дар Ироқ ва азияти сиёсатмадорон дар Ироқ муҷозот мешаванд.

Вазири молия Стивен Мнучин гуфт, ки Эрон “шабакаи ширкатҳоеро барои маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон ба кор гирифта, мардумро аз захираҳо маҳрум мекунад ва ба террористон бартарият қоил аст”.

Дар байни ширкатҳои таҳримшуда Созмони бозсозии маконҳои муқаддаси Ироқ ҳам ҳаст, ки ба қавли вазорати молияи ИМА, аз ҷониби нирӯҳои Қудс назорат мешавад. Дар миёни шахсони таҳримшуда инчунин Муҳаммад Ҷалолмаоб ҳам ҳаст, ки соли гузашта аз ҷониби Қосим Сулаймонӣ ба мақоми раиси иҷроияи ин созмон таъин шуд. Сулаймонӣ - фармондеҳи нирӯҳои Қудс моҳи январи имсол дар ҳамлаҳои ҳавоии амрикоиҳо дар Бағдод кушта шуд.

Шумораи мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон ба 124 тан расид

Шаҳри Алмато, Қазоқистон, 24 март, 2020.

Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ дод, ки дар шаҳри Атирауи ин кишвар се ҳолати нахустини мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Мақомоти қазоқ имрӯз дар бораи ошкор шудани 8 ҳолати нави дигар дар шаҳри Алмато низ хабар дода буданд. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, то нимаи рӯзи 27-уми март шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 124 нафар расидааст.

Мақомоти қазоқ дирӯз хабар доданд, ки зани 64-сола бар асари гирифторӣ ба коронавирус фавтидааст. Даурен Абаев, вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон шоми 26-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин мавриди нахустини марги сокинон бар асари бемории КОВИД-19 дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аст.

Вай афзуд, "ин ҳолат бори дигар моро аз хатарнокии коронавирус огоҳ мекунад. Он чи ки ҳоло мегузарад, имтиҳоне барои ҳамаи мост."

Афғонистон ба хотири коронавирус 10 ҳазор маҳбусро озод мекунад

Зиндони шаҳри Қандаҳори Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ фармон дод, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус то 10 ҳазор маҳбус аз зиндонҳо озод карда шаванд.

Додситони кулли Афғонистон Муҳаммад Фарид Ҳомидӣ 26-уми март дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфт, тасмими мазкур "бо мақсади ҳифзи саломатии мардум" гирифта шуда, ба занон, беморони вазнин ва маҳбусоне дахл хоҳад дошт, ки синашон аз 55 боло аст.

Фармон маҳбусонеро фаро намегирад, ки зидди амнияти давлат ва байналмилалӣ ҷиноят содир кардаанд.

Фармони Ашраф Ғанӣ дар пасманзари гуфтугӯҳои ҳукумати Афғонистон бо гуруҳи даҳшатафкани Толибон дар бораи табодули асирон дар доираи раванди гуфтугӯи сулҳ бо миёнаравии ИМА содир шудааст.

Дар Афғонистон то 26 март 90 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуда, ду кас аз он ҷон бохтаанд. Вале нигарониҳо вуҷуд дорад, ки шумораи мубталоён эҳтимол аст, аз омори расмӣ бештар бошад.

Фармони президенти Афғонистон ҳамчунин ташкили кумитаи махсусеро барои таҳияи рӯйхати маҳбусони озодшаванда пешбинӣ мекунад.

Дар Узбекистон барои нақзи карантин то 10 сол зиндонӣ мекунанд

Узбекистон дар карантин ба сар мебарад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 26-уми март фармони ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии ин кишварро имзо кард. Дар ин бора Вазорати адлияи Узбекистон иттилоъ додааст.

Тағйироти ахир барои паҳни иттилои бардурӯғ аз 4,7 ҳазор доллар то 9,4 ҳазор доллар ҷарима, ё уҳдадор шудан ба иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ба муҳлати аз 300 то 360 соат, ё корҳои ислоҳӣ ба муддати аз 2 то 3 сол, ё то 3 сол маҳрум шудан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин барои нақзи талаботи қонунгузорӣ, ки хатари воқеии беморшавӣ ё заҳролудшавии дастаҷамъиро дар пай дорад, то 5 соли зиндон муқаррар карда шудааст.

Барои амале, ки боиси марги 1 одам мешавад, аз 5 то 7 соли зиндон ва агар талафоти ҷонии беш аз 1 нафар дар пай дошта бошад, аз 7 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Пештар он аз 3 то 5 соли зиндон буд.

Вазорати тандурустии Узбекистон ахиран гуфт, шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар ба 83 нафар расидааст. Ба иттилои манбаъ, як зани 72-сола низ аз коронавирус ба ҳалокат расид, ки нахустин қурбонии он дар ин кишвар шумурда мешавад.

Раҳбари FBI гуфт, кор барои маълум кардани тақдири агенти собиқ дар Эрон идома мекунад

Крис Рей, раҳбари Бюрои федеролии тафтишот

Раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Крис Рей гуфт, ин ниҳоди интизомӣ ҳеҷ гоҳ талошашро барои пайдо кардани иттилоъ дар бораи сарнавишти агенти собиқ Роберт Левинсон аз даст намедиҳад. ИМА бовар дорад, ки Левинсон дар зиндони Эрон даргузашт.

Дар як имейле, ки хабарнигори оҷонсии Ассошейтед Пресс рӯзи 26 март дидааст, Рей ба кормандони Бюрои федеролии тафтишоти ИМА навиштааст, ки бо оилаи Роберт Левинсон мулоқот карда ба онҳо шарҳ додааст, ки “бар асоси далелҳои ҷамъшуда дар давоми 13 соли гузашта мо ба хулосае омадем, ки ба эҳтимоли зиёд Боб дар боздошт даргузашт».

Рей навиштааст, ки “расонидани ин хабар барои ман дарднок аст, вале ман ба ин бовар ҳастам, ки мо вазифадорем ба хонаводаи Боб маълумоти муфассалро дар бораи бозёфтҳои худ пешкаш кунем”.

Ӯ афзуд, ки кор барои мушаххас кардани ҷузъиёти рабуда шудани ӯ ва ҳам вазъаш дар боздошт идома меёбад.

Левинсон, ки моҳи марти соли 1948 таваллуд шудааст, моҳи марти соли 2007 замони сафараш ба ҷазираи Кеши Эрон нопадид шуд. Ӯ он замон барои Оҷонсии марказии истихборот ба ҳайси коргари қарордодӣ кор мекард. ИМА борҳо ба Эрон муроҷиат карда, дархост кардааст, ки барои маълум кардани макони будубош ва бозгардони Левинсон мусоидат кунанд. Вале як расонаи рӯ ба давлати Эрон баъди нопадидшавии Левинсон гузорише нашр кард, ки дар он гуфта шуд, “Левинсон дар дасти нирӯҳои амниятии Эрон”аст.

Рӯзи 26 март Теҳрон бо нашри изҳороте гуфт, ки Левинсон “муддатҳо пеш” Эронро тарк кард ва онҳо дар бораи будубошаш хабаре надоранд. Ин изҳорот ҳамчунин иттиҳоми дар зиндони Эрон даргузаштани Левинсонро рад кардааст. Дирӯз Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар изҳороташ инчунин гуфт, ки мақомот тамоми тадбирҳоро барои пайдо кардани иттилоъ дар бораи сарнавишти Левинсон ба кор андохтанд, вале Эрон шаҳодати “зинда будани Левинсон”-ро пайдо накардааст.

СБП барои муқобила бо Ковид-19 ба Қирғизистон $121 миллион медиҳад

Дар як кӯчаи Бишкек поккории санитарӣ ба роҳ монда шудааст

Шӯрои мудирони Сандуқи байналмилалии пул розӣ шуд, ки ба таври оҷил ба Қирғизистон дар амри муқобила бо паҳншавии коронавирус ёрии молӣ ироа кунад. Ин аввалин қарор аст, ки кӯмак ба як кишварро дар заминаи паҳншавии пандемияи сартосарӣ пешбинӣ мекунад. Кристалина Георгиева, мудири иҷроияи СБП бо нашри изҳороте рӯзи 26 март гуфт, пандемияи коронавирус ба иқтисоди Қирғизистон таъсири амиқ мерасонад ва ҳолати изтирории тавозуни хароҷотро ба миён овардааст.

Ӯ гуфт, дар шароите, ки барои хатми паҳншавии вирус тамоми нирӯҳо равона шудааст, “ҳамаи бахшҳо осеб мебинанд”. СБП мегӯяд, умедвор аст ин маблағҳо ба иқтисоди Қирғизистон дар эҷоди эътимод мусоидат мекунад.

Иқтисодшиноси зодаи Булғористон Георгиева гуфт, ки дар дурнамои иқтисоди Қирғизистон як тафовути тавозуни пардохтҳо дар ҳаҷми 400 миллион доллар эҷод шудааст.

Дар Қирғизистон бо аҳолии 6,2 миллион аҳолӣ то ҳол олудагии 58 нафар тасдиқ шудааст.

Георгиева мегӯяд, ки ба СБП даҳҳо кишвар бо дархости гирифтани кӯмак муроҷиат кардаанд ва ин ниҳод омода аст то 1 триллион долларро барои иқтисодҳои дучори мушкилшуда дар шароити паҳншавии коронавирус ҷудо кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG