Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади муовини пешини шаҳрдори Марғелонро овезон пайдо карданд


Ҷасади муовини пешини шаҳрдори Марғелони Узбекистон Элёр Тухтаматов 30 ноябр дар манзили зисташ овезон пайдо шудааст. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ доданд.

Хабари пайдо шудани ҷасади муовини шаҳрдори пешинро 30 ноябр ба Раёсати пулиси Марғелон расондаанд. Элёр Тухтаматов худро дар таҳхонаи манзили зисташ дар Фарғона ба дор овехтааст.

Додситонии Фарғона таҳқиқи ҳодисаро оғоз кард.

Элёр Тухтаматов 15 ноябри соли 1984 таваллуд шуда, аз 20 моҳи августи соли 2018 муовини шаҳрдори Марғелон буд. Ӯ 2 апрел бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG