Рустами Эмомалӣ – раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон – ҳангоми сафараш ба Тошканд бо раиси ҷумҳури Узбекистон мулоқот кардааст. Сомонаи расмии президенти Узбекистон хабар дод, ки мулоқоти Шавкат Мирзиёев ва Рустами Эмомалӣ рӯзи 3-юми декабр сурат гирифтааст.
Бино ба хабарҳои расмӣ, ду тараф “густариши ҳамкориҳо миёни Душанбеву Тошкандро баррасӣ намуданд.” “Табодули таҷриба дар идоракунии шаҳр ва рушди зербиноҳо, иҷрои тарҳҳои муштарак ва барномаҳои ҳамгироии фарҳангиву башарӣ" аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.
Ин сафари аввалини Рустами Эмомалӣ ба хориҷа ба ҳайси шаҳрдори Душанбест. Бархе аз нозирони вазъ ӯро яке аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон медонанд. Интихобот соли оянда баргузор хоҳад шуд. Вале на худи ӯ ва на падараш дар бораи иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд.
Рӯзи сешанбе Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев низ мулоқот кард. Ортиқхоҷаев бо зикри муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамсоядорӣ аз омодагиҳо ба густариши равобити Тошканду Душанбе хабар дод. Рустами Эмомалӣ гуфт, тағйирот ва рушди Тошканд диққатҷалбкунанда аст ва вай бо таҷрибаи сохтмонии ин шаҳр ошно шуд.
Қарор аст, то охири имсол рӯзҳои Тошканд дар Душанбе баргузор гардад.
Тоҷикистону Узбекистон ду даҳсолаи ахир ва дар замони раёсати Ислом Каримов муносибати чандон хуб надоштанд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 яхи муносибатҳо об шуд ва ҳоло ду ҷониб аз беҳбуди равобит сухан мегӯянд.