Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО 70-солагиашро таҷлил мекунад ва бо ихтилофоти назар


Раҳбарони кишварҳои НАТО бо нишасте дар шаҳри Лондон рӯзи 3-юми декабр 70-солагии ин паймони низомиро ҷашн мегиранд.

29 кишвари узв масоили зиёдеро баррасӣ хоҳанд кард, аз ҷумла ояндаи НАТО-ро, ки ҳоло дар байни аъзои он ҳамназарӣ дида намешавад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки чаро Амрико бояд кишварҳои ғарбиро муҳофизат кунад ва аз аъзои дигари НАТО хостааст, хароҷотро барои ин созмон афзоиш диҳанд.

Бо вуҷуди фишорҳои буда, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг пофишорӣ кард, ки НАТО “комёбтарин паймон дар таърих аст”. Ӯ пеш аз нишаст ба телевизиони CNN гуфт, ҳампаймонон “метавонанд борҳо дигар шаванд, вақте ки таърих дигар мешавад”.

Президенти Амрико Доналд Трамп, ки ба кишварҳои дигари узв барои риояи қоидаҳои хароҷоти паймон сахт фишор овардааст, пас аз чанд соати ба Лондон фаромадан, нақши ин паймонро дастгирӣ кард ва гуфт, НАТО “бо мақсади бузурге хизмат мекунад”.

Трамп президенти Фаронса Эммануэл Макронро ба далели гуфтани он ки НАТО "марги мағзӣ" шудааст, гунаҳкор кард.

Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ соли 1949 аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, Канада ва 10 кишвари аврупоӣ дар заминаи нигарониҳо дар бораи паҳншавии Шӯравӣ бунёд ёфтааст.

XS
SM
MD
LG