Танишҳои лафзӣ миёни Пекин ва Вашингтон тайи рӯзҳои ахир боло гирифтааст. Ҳимояти Амрико ва бархе дигар аз кишварҳои ғарбӣ аз эътирозгарон дар Ҳонгконг, Чинро нигарон кардааст.
Аз сӯи дигар, шуморе аз кишварҳо дар моҳҳои гузашта аз таъсиси боздоштгоҳҳои вижа барои ӯйғурҳо дар Чин, интиқод карда буданд. Моҳи октябр 22 узви Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, Амрико рафтори ҳукумати Чин бо мусалмонони ӯйғур ва боздошти густардаи онҳоро мавриди интиқод карор доданд.
Раиси ҷумҳури Чин рӯзи душанбеи 2-юми декабра дар ҷараёни мулоқот бо Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия аз ончи иқдомҳои "мудохилаҷӯёна" дар умури дохилии ду кишвар номид, гуфтааст, Пекин ва Маскав барои муқобила бо иқдомоти Ғарб ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ин изҳорот андаке пас аз он садо дод, ки раиси ҷумҳури Амрико тарҳи Конгресс бо номи "Санади демократия ва ҳуқуқи башар дар Ҳонгконг"-ро имзо кард ва он амалан табдил ба қонун шуд.
Ин санад, ки пайомади эътирозҳои густурда алайҳи Пекин дар Ҳонгконг аст, аз вазири умури хориҷии Амрико мехоҳад, то дар гузорише солона, идомаи худмухтории минтақаи вижаи идории Ҳонгконгро таъйид кунад. Ин санад муқаррароти наве барои фурӯши бархе таҷҳизоти низомӣ ва низ таҳримҳои эҳтимолиро пешбинӣ кардааст.
Доналд Трамп худ рӯзи якшанбеи 1-уми декабр изҳор кард, ки ин тарҳ кӯмаке ба музокираҳои тиҷоратӣ бо Пекин нахоҳад кард. Ин музокирот як чолиши дигар дар муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад.
Си Ҷинпин рӯзи душанбе гуфт, "имсол Амрико ва шуморе аз кишварҳои ғарбӣ дахолаташон дар умури дохилии Чин ва Русияро афзоиш додаанд, амнияти миллии ду кишварро таҳдид карда ва ба муқобила бо пешрафтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мо даст задаанд".
Президенти Чин дар идома гуфтааст, бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ, ки гуфтааст ин амалкардҳо асосан ғалат аст ва ба дигар кишварҳо ҳам осеб мерасонад, бидуни онки фоидае дошта бошад, ҳамраъй аст.
Як рӯз пеш аз ин, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки барои маросими савганди раҳбарони нави Иттиҳоди Аврупо ба Бруссел рафта буд, ба Русияву Чин ва ҳамчунин Эрон ба унвони "таҳдидҳои муштарак" алайҳи манфиатҳои Ғарб, ишора карда буд.
Помпео гуфта буд, ки Амрико барои пеш бурдани "ҳадафҳои муштарак" омодаи ҳамкорӣ бо тими нав дар Иттиҳоди Аврупо аст. Ӯ дар ин маврид ба муқобила бо чолишҳои муштарак алайҳи амният ва арзишҳои демократӣ, аз ҷумла таҳдидҳо, ки "маншаи он Русия, Ҳизби коммунисти Чин ва Эрон" ҳастанд, ишора кард.
Раиси ҷумҳури Чин ва ҳамтои русаш рӯзи душанбеи 2-юми декабр дар маросими оғози кори хати лӯлаи гази Русия ба Чин ширкат карда буданд. Ин хати лӯла қарор аст гази табии минтақаи Сибири Русияро ба шимол-шарқи Чин интиқол диҳад. Ин тарҳ гоми муҳиме дар робитаҳои стратегӣ ва иқтисодии Пекин ва Маскав ба шумор меравад.