Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як ҳафтаи охир дар Олмон ду осорхонаро дузд зад


Осорхонаи Штазӣ дар шаҳри Берлини Олмон, ки онҷо нигораҳои марбут ба пулиси комунистии Олмони Шарқӣ нигаҳдорӣ мешавад, ғорат гардид.

Ин дуздӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд рӯз пеш аз ин дуздон осорхонаи Дрезденро ғорат карда, маснуоати заргарии қадимиро бо худ бурданд.

Пулиси Берлин рӯзи 1 декабр хабар дод, ки ғоратгарон нимишабии 30 ноябр тавассути равзанаи ошёнаи аввал вориди бино шуданд. Пулис гуфт, ғоратгарон "чанд шишаро шикаста, медал ва ҷавоҳиротро бо худ бурдаанд".

Ҳамзамон, рӯи 25 ноябр дуздон интиқоли барқро қисман ба осорхонаи "Тоқи сабз" дар Дрезденро қатъ карда, вориди он шудаанд. Онҳо маснуоти заргарии алмосдори асри 18-ро бурдаанд.

XS
SM
MD
LG