Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп нахост, дар ҷаласаи марбут ба баррасии эъломи нобоварӣ ширкат кунад


Доналд Трамп, президенти ИМА дар ҷаласаи марбут ба баррасии эъломи нобоварӣ ба президент ширкат нахоҳад кард. Ин ҷаласа рӯзи 4-уми декабр дар Маҷлиси Намояндагони ИМА баргузор мешавад.

"Мо наметавонем дар ҷаласае ширкат кунем, ки ҳанӯз шоҳидон ошкор нашудаанд ва дақиқ нест, ки кумитаи додгоҳӣ муҳокимаи одилонаро барои президент муҳайё хоҳад кард ё на. Ба ҳамин далел, мо омода нестем, ки дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе ширкат варзем",-гуфт мушовири ҳуқуқии Кохи Сафед Пэт Чиполлоне.

Вай ҳамчунин афзуд, ҷаласаи кумитаи додгоҳии Маҷлиси Намояндагон дар рӯзе гузошта шудааст, ки Трамп дар мулоқоти НАТО дар Лондон хоҳад буд. Чиполлоне гуфт, демократҳо "барқасдона" ҳамин рӯзро интихоб кардаанд.

Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба президенти Украина Владимир Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст. Кохи Сафед дертар муҳтавои суҳбати Трамп бо Зеленскийро нашр кард ва дар он дар бораи таъхири кумаки низомӣ чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG