Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Наҷаф консулгарии Эронро боз оташ заданд


Пулис дар шаҳри Наҷафи Ироқ мегӯяд, эътирозгарон бори дуввум дар як ҳафтаи ахир, консулгарии Эронро оташ мезананд. Якуми декабр ҳамчунон эътирозгарон ба кӯчаҳои шаҳри Бағдод баромада, ҷойи кор, мубориза бо фасод ва беҳбуди хадамотро талаб карданд.

Эътирозҳо дар ҳоле ҷараён доранд, ки 1-уми декабр порлумони Ироқ истеъфои сарвазир Одил Абдулмаҳдиро тасдиқ кард. Дар эътирозҳои 2 моҳи гузашта беш аз 400 нафар кушта шуданд.

Ироқиҳо Эронро сарпарасти ҳукумати Одил Абдулмаҳдӣ мешуморанд. 27-уми ноябр эътирозгарон бори аввал консулгарии Эрон дар Наҷафро оташ зада буданд.

XS
SM
MD
LG