Ду коргари кони тилои "Қумтор Голд Компанӣ" баъди он нопадид шуданд, ки субҳи 1 декабр дар яке аз қитъаҳои кон лағзиши теппа рух дод.
Марина Гаврилова, намояндаи ширкат гуфт, ба кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин бора хабар додаанд ва айни ҳол корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Дар ҳоли ҳозир дар кони тилои Қумтор 3700 кас кор мекунад. Қисме аз инҳо бо ширкат шартномаи дарозмуддат доранд ва қисми дигар ба таври муваққат кор мекунанд.
Қумтор бузургтарин коргоҳи Қирғизистон аст. Қариб 10% ҳаҷми ММД-и Қирғизистон аз Қумтор мерӯяд.
Ба иттилои ширкат, Қирғизистон то кунун аз ин кон 3 миллиарду 427 ҳазор доллар даромад гирифтааст.