Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 19 нафар дар садамаи автобус дар Русия


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи ба рӯдхонаи яхбаста афтодани як автобуси мусофирбар дар Русия 19 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Фоҷиа рӯзи 1-уми декабр дар Кишвари Забайкале рух додааст ва 21 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия бо нашри як баёния гуфт, ки автобус аз шаҳри Сретенск ба шаҳри Чита мерафтааст ва аз рӯи пуле ба рӯдхонаи Куэнга афтодааст. Дар умум дар автобус 43 нафар будаанд. Ду чархболро барои кӯмак ба осебдидагон фиристодаанд. Мақомот гуфтанд, ки сабабҳои фалокатро таҳқиқ мекунанд.

Дар чунин ҳодисаҳо дар Русия баъзан муҳоҷирони тоҷик ҳам осеб мебинанд, вале ҳоло маълум нест, дар ин автобус шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд, ё не. Дар роҳҳои Русия солона ҳазорон нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасанд. Соли гузашта дар роҳҳои кишвар бештар аз 18 ҳазор нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG