Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Дар саркӯби эътирозҳо дар Эрон 161 кас кушта шудаанд


Акси чанде аз қурбониён, ки созмони Amnesty International рӯзи 29-уми ноябр нашр кард
Акси чанде аз қурбониён, ки созмони Amnesty International рӯзи 29-уми ноябр нашр кард

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) гуфтааст, дар натиҷаи саркӯби эътирозгарон дар Эрон беш аз 160 кас кушта шудаанд. Ин созмон пештар шумораи ҳалокшудаҳоро 143 нафар гуфта буд.

Афви Байнулмилал дар хабарномае рӯзи 29-уми ноябр гуфт, бар асоси гузоришҳои муътабар, ки ба дасти созмон расид, шумораи тасдиқшудаи норозиёни ҷонбохта ба дастикам 161 кас афзоиш ёфтааст.

Ин созмон, ки марказаш дар Лондон аст, мегӯяд, эҳтимол омори воқеии талафот бештар аз ин бошад.

Мақомҳои Эрон қаблан омори созмони Афви Байнулмилалро рад карда буданд. Теҳрон то кунун расман омори талафотро эълом накардааст.

Рӯзи 15-уми ноябри имсол ҳукумати Эрон аз болоравии нархи бензин ва бо ҳисса фурӯхтани он хабар дод, ки сабаби норозигиҳо дар беш аз сад шаҳру минтақа дар саросари ин кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG