Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон Мирзиёевро ба Тоҷикистон даъват кард


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирёзиёев, президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, фарҳанг ва маориф баррасӣ кардаанд. Мулоқоти сарони ду кишвар шаби гузашта дар ҳошияи мулоқоти дувуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Миёна дар Тошканд доир шудааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми ноябр аз Бишкев ба Тошканд рафт.

Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар таъкид кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, тарафҳо барои рушди иқтисод амалӣ шудани тарҳҳои муштаракро муҳим донистаанд. Оқои Раҳмон ҳамчунин президенти Узбекистонро ба Тоҷикистон даъват кардааст. Тибқи ахбори расмӣ, Шавкат Мирзиёев ин даъватро пазируфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр дар мулоқоти дувуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Узбекистон иштирок мекунад. Интизор меравад, дар нишаст ҳамкориҳои минтақаӣ дар бахши сиёсату тиҷорат ва нақлиёту фарҳанг баррасӣ шавад. Нишасти аввали раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Нурсултон (Остонаи собиқ)-и Қазоқистон баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG