Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони тоҷик дар боздоштгоҳ. Танҳо бошанд ё бо калонсолон?


Порлумони Тоҷикистон тарҳеро қабул кард, ки бар асоси он нигоҳ доштани ноболиғон бо калонсолон дар боздоштгоҳҳо манъ шуд. То ин дам масъулони боздоштгоҳҳо бо иҷозаи додситон метавонистанд, ноболиғонро бо калонсолоне, ки ҷинояти вазнин накардаанд, дар як ҷой нигоҳ доранд.

Мавлуда Мирзозода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 28-уми ноябр ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, бар асоси тағйироти дигар минбаъд дар ҳолати шикояти ноболиғон аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо табибони мустақил онро месанҷанд.

“Ҳангоми ворид шудани муроҷиат бояд се пизишк барои муайян намудани дараҷаи ҷароҳати ноболиғон ҳатман муоинаи тиббӣ гузаронанд,” – афзуд вакили тоҷик.

Ба гуфтаи Мавлуда Мирзозода, ҳадаф аз тағйироти нав мутобиқ намудани қонунгузории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ аст.

Чаҳор сол пеш дар миёни беш аз сад кӯдаки боздоштшуда таҳқиқоте гузаронданд. Натиҷаи он муайян кард, аксари кӯдаконе, ки маъмурони пулис дастгир мекунанд, мавриди таҳқиру шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамин пажӯҳиш дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон маълум кардааст, ки маъмурони пулис баъди боздошт бо ноболиғон бадрафторӣ ва ё ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд.

XS
SM
MD
LG