Чин аз сафири Иёлоти Муттаҳида Терри Бранстад даъват кардааст, аз Вашингтон бихоҳад, ки фавран дахолатро ба корҳои дохилии он боздорад, то дар оянда ба муносибатҳои дуҷониба зарар нарасад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 28-уми ноябр бо пахши изҳорот хабар дод.
Ин изҳорот як рӯз пас аз он садо дод, ки президенти Амрико Доналд Трамп ду лоиҳаи қонунро имзо кард ва он аз тарафи Конгресс якдилона пуштибонӣ ёфт. Ин лоиҳаҳо эътирозгарони ҷонибдори демократияро дар Ҳонконг дастгирӣ мекунанд.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин омадааст, ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ Ле Ючен аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, аз иҷрои ин қонунҳо худдорӣ кунад.
Трамп дар як изҳороти кӯтоҳе рӯзи 27-уми ноябр гуфт, “ин лоиҳаҳоро ба хотири эҳтироми раиси ҷумҳур Си Ҷинпин, Чин ва мардуми Ҳонконг имзо кардааст.”
Вай афзуд, “раҳбарон ва намояндагони Чин ва Ҳонконг тавонанд нофаҳмиҳои худро ба таври осоишта ҳал кунанд, то барои ҳама сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат орад.”