Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷеенбеков ба ҳалли масоили марзӣ таъкид карданд


Масъалаи татбиқи созишномаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масъалаҳои вобаста ба марзи ду кишвар, яке аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков будааст. Мулоқоти ду президент рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми ноябр дар ҳошияи нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар Бишкек доир шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки кишвараш ба таҳкими ҳамгироӣ бо Қирғизистон аҳамияти вижа медиҳад. Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф сӯҳбат кардаанд. Тафсилоти бештар дар бораи гуфтугӯи сарони ду кишвар дар даст нест.

Сарони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле роҷеъ ба татбиқи тавофуқҳои дуҷонибаи марзӣ гуфтугӯ кардаанд, ки манотиқи сарҳадии ду кишвар борҳо шоҳиди танишҳо будааст.

Ду кишвар 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG