Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Боқиев дар Белорус насабашро иваз ва тиҷорат роҳандозӣ кардааст


Руслан - набераи Қурмонбек Боқиев, писари Марат Боқиев дар Белорус бо насаби Петров истиқомат ва тиҷорати бузургеро идора мекунад. Дар ин бора расонаҳои Белорус хабар медиҳанд.

Руслан Петрови 25-сола яке аз моликони ширкатест, ки дар сохтмони маҷмааи Centropol дар Минск саҳм дорад. Centropol дар маркази шаҳри Минс ҷойгир буда, қарор аст, соли 2020 ба истифода дода шавад. Дар ин маҷмаа қиморхона (казино), марказҳои тиббӣ, дилхӯшӣ, мағоза, тарабхона ва қаҳвахонаи тобистона бунёд мешавад. Ҳаҷми сармояи ин тарҳ 80 миллион доллар арзёбӣ шудааст.

Рӯзноманигорони Белорус дақиқ карданд, ки 75% саҳмияҳои ширкати сохтмонии Forpaton Resource LP ба Руслан Петров, шаҳрванди 25-солаи Белорус тааллуқ дорад. Расонаҳои Белорус навиштанд, Руслан Петров набераи Қурмонбек Боқиев аст.

Дар соли 2018 расонаҳои Белорус ҳамчунин хабар дода буданд, ки сарвазири пешини Қирғизистон Дониёр Усенов бо иваз кардани ному насабаш ба Даниил Уритский дар Белорус тиҷорат таъсис додааст. Усенов дар Қирғизистон бо айби ташкили куштори оммавии сокинони осоишта дар соли 2010, ғоибона ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Қурмонбек Боқиев дар солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар пайи "Инқилоби лолаӣ" сари қудрат омад. Аммо дар инқилоби рӯзҳои 7-15 апрели соли 2010 аз мақом барканор шуд. Боқиев Қирғизистонро тарк ва чанд сол аст, ки бо хонаводааш дар Белорус истиқомат дорад.

Нисбати Боқиев ва бародараш Жанибек Боқиев дар Қирғизистон даҳҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додгоҳ низ ин ду бародарро ғоибона маҳкум кардааст. Президенти пешин 30 сол ва бародараш якумрӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

XS
SM
MD
LG