Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон аз ҳисоби "буҷавиҳо" масҷид месозанд


Мақомоти вилояти Балкани Туркманистон барои "сари вақт" ба поён расонидани сохтмони иншоотҳои нав дар ин минтақа аз кормандони муассисаҳои давлатӣ 500-манатӣ ҷамъ мекунанд.

Бар асоси қурби муайянкардаи Бонки марказии Туркманистон, 500 манат ҳудуди $142,8 мешавад. Ҳамчунин соҳибкорони маҳаллиро маҷбур мекунанд, ки ба сохтмони иншоотҳо кумак кунанд. Дар миёни иншоотҳои бунёдшаванда бинои масҷиди марказии Балкан низ ҳаст.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, сохтмони бинои масҷид ҳанӯз ним нашудааст ва сабаби ба кундӣ пеш рафтани сохтмон дар он аст, ки мақомот тамоми сол натавонистанд барои он аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо кунанд.

Тавре хабарнигори радио муайян кард, мақомот ният доранд, масҷиди мазкурро ба номи яке аз наздикони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузоранд.

"Бо мақсади дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани масҷид раҳбарони корхонаҳои буҷавӣ аз маоши кормандони худ 500-манатӣ меситонанд",-афзуд хабарнигор. Ба гуфтаи "буҷавиҳо", онҳоро таҳдид кардаанд, ки дар сурати надодани маблағ ҷои корро аз даст хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG