Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ парвандаи Самариддин Раҷабовро баргардонд


Самариддин Раҷабов, рэпсаро ва зодаи Тоҷикистон
Самариддин Раҷабов, рэпсаро ва зодаи Тоҷикистон

Додгоҳи Твери Русия парвандаи Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистонро ба далели чанд камбуд, аз ҷумла муайян набудани ҷойи содиршавии "ҷиноят" барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристодааст. Раҷабовро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар гулгашти "Светной" дар назди бинои рақами 1-и Маскав ба сӯи маъмури милиса зарфи пластикиро ҳаво додааст. Дар ҳоле ки дар ин гулгашт хонаи рақами як нест.

Самариддин Раҷабов дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар пойтахти Русия дастгир шуд ва ба "таҳдиди истифода аз зӯр" муттаҳам аст.

Қаблан тафтишот Раҷабовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "бетартибиҳои оммавӣ" ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" -- айбдор мекард. Дертар яке аз ин моддаҳо аз парванда берун шуд.

Бо вуҷуди ба додситонӣ фиристодани парвандаи Самариддин Раҷабов ӯ то 27-уми декабр дар боздоштгоҳ мемонад. Вакилони дифои ӯ гуфтанд, дар мавриди шароити нигоҳдории ин зодаи Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Раҷабови 21-сола, ки рӯзи 2-юми августи имсол бо ҳукми додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд, дар зиндони "Матросская тишина"-и Маскав нигоҳ дошта мешавад.

Ӯ зодаи Тоҷикистон аст, аммо дар Русия мактабро хатм карда, ба воя расидааст ва айни замон шаҳрвандии ин кишварро дорад.

XS
SM
MD
LG