Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дулат Агадил, фаъоли қазоқистонӣ аз боздошт раҳо шуд


Дулат Агадил, фаъоли ҷамъиятии Қазоқистон рӯзи 26-уми ноябр аз боздоштгоҳи муваққатии деҳаи Акмоли наздикии шаҳри Нурсултон баъди адои ҷазо раҳо шуд.

Фаъоли раҳошуда тасмим дорад, дар гирдиҳамоии имрӯзии назди бинои Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Нурсултон ширкат кунад. Ширкатдорони гирдиҳамоӣ имрӯз бо шиорҳо назди бинои Иттиҳоди Аврупо ҳозир шуданд ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб карданд. Ширкатдорони гирдиҳамоӣ ҳамчунин талаб карданд, ки қарори додгоҳ дар бораи манъи ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" бозбинӣ шавад.

Рӯзи 13-уми ноябр, як рӯз пеш аз адои муҳлати ҷазои маъмурӣ пулис хабар дод, ки Агадил аз боздоштгоҳ фирор кардааст. Пулис он замон хабар дод, ки ба далели "беэҳтиромӣ ба додгоҳ" Агадил 5 рӯзи дигар иловатан ҳабс мешавад. Агадил рӯзи 15-уми ноябр дар назди бинои Додситонии кулли Қазоқистон ҳозир ва аз сӯи пулис боздошту дубора ба боздоштгоҳ интиқол ёфт.

Дулат Агадил пештар аз ин борҳо боздошт ва бо айбҳои "вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ", итоат накардан ба намояндаи давлат ҳабс шудааст.

Созмонҳои байналхалқӣ борҳо изҳор доштанд, ки дар Қазоқистон ҳуқуқи сокинон ба гирдиҳамоиҳои осоишта поймол мешавад. Созмонҳо аз Нурсултон даъват карданд, ки уҳдадориҳояшро дар бахши ҳуқуқи инсон иҷро кунад.

XS
SM
MD
LG